16-уми август дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC), дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия, қуръакашии мусобиқоти Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 доир гардид.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар асоси қуръакашӣ, ки 15-уми август дар Душанбе доир гардид, дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ)-2024 бо тимҳои наврасони Қирғизистон ва Афғонистон бозӣ мекунад.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 бо тими миллии Қазоқистон дар шаҳри Остона ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Варзишгарони тоҷик, ки аз Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ соҳиби медал шуда буданд, 14-уми август ба Душанбе баргаштанд.
Пас аз танаффуси чилрӯза бозиҳои даври сездаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 9-11-уми август баргузор шуданд.
Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми август дар шаҳри Пориси Фаронса баргузор шуд, бо маросими пӯшидашавии Олимпиада ба анҷом расид.
Варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса 29 медал (9 тилло, 7 нуқра ва 13 нишони биринҷӣ) гирифтанд.
Виктор Рассадин, варзишгар аз Тоҷикистон, дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса дар риштаи гуштии озод дар мубориза барои медали биринҷӣ ноком шуд.
Мунира Абдусаломова, варзишгари тоҷик, дар аввалин рақобаташ дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Пориси Фаронса дар риштаи таэквондо дар вазни +67 кило миёни занон ноком шуд.
Виктор Рассадин дар Олимпиадаи Порис барои медали биринҷӣ мубориза мебарад
Виктор Рассадини 30-сола дар риштаи гуштии озод дар вазни то 74 кило 9-уми август аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпӣ доир намуд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) зери раҳбарии Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2024 ширкат хоҳад кард.
Ёфтҳои бештар