Виктор Рассадини 30-сола дар риштаи гуштии озод дар вазни то 74 кило 9-уми август аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпӣ доир намуд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) зери раҳбарии Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2024 ширкат хоҳад кард.
Варзишгарони Узбекистон, ки дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса то ҳоло се медали тило ва ду нишони биринҷӣ ба даст овардаанд, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсафанд.
Варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон – то ҳоло дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса 17 медал ба даст овардаанд.
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии мусобиқаи байнулмилалӣ барои Ҷоми Мердека (Ҷоми Истиқлол), ки аз 4-ум то 8-уми сентябри соли равон дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор мешавад, бо тими миллии Лубнон бозӣ мекунад.
Бозиҳои ҷавобии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024, ки рӯзҳои 2-4-уми август доир гардиданд, ҷуфтҳои иштироккунандаи даври чорякниҳоиро муайян карданд.
Равзанаи интиқоли тобистонаи футболбозони бошгоҳҳои лигаи олии қаҳрамонии Тоҷикистон ба анҷом расид.
Муштзани 25-солаи тоҷик Давлат Болтаев дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Порис (Париж)-и Фаронса дар мусобиқоти бокс дар вазни то 92 кило медали биринҷӣ ба даст овард.
Ду намояндаи Тоҷикистон – даванда Фаворис Музрапов ва шиновар Екатерина Бордачёва – дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Порис (Париж) ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.
Иван Литвинович аз Беларус аввалин варзишгар аз ҳайати дастаи бетараф дар бозиҳои олимпии Париж аст, ки медали тилло бурид.
Паҳлавони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса дар мусобиқоти ҷудо дар вазни сангинтарин медали биринҷӣ ба даст овард.
Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса дар мусобиқоти ҷудо дар вазни сангинтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо кард.
Ёфтҳои бештар