Ӯ дар даври ҳаштякниҳоӣ бар гуштигири 22-сола Георгиос Коугиомсидисро аз Юнон бо ҳисоби 8:2 шикаст дода, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Рассадин дар чорякфинал Лу Фенги 20-соларо аз Чин бо ҳисоби 7:4 мағлуб карда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо кард. Ҳамакнун дар нимфинал рақиби Рассадин гуштигири 26-солаи узбекистонӣ Разамбек Ҷамолов мебошад. Рақобати ҳарду шаби ҷумъа соати 21:00 бо вақти Душанбе доир мегардад.
Виктор Рассадин, ки зодаи Ёқутистони Русия мебошад, моҳи сентябри соли 2023 шаҳрвандии Тоҷикистонро ҳам ба даст овард, моҳи феврали соли 2024 қаҳрамони кишвар дар гуштии озод шуд ва ноиби қаҳрамони Осиё мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Порис то ҳоло 3 нишони биринҷӣ дорад. Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) аз риштаи ҷудо ва Давлат Болтаев (-92 кг) аз риштаи бокс медалҳои биринҷии Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба даст овардаанд.
Боз як намояндаи Тоҷикистон - Мунира Абдусаломоваи 26-сола - дар риштаи таэквондо 10-уми август соати 12:00 аввалин рақобаташро дар вазни беш аз 67 кило миёни занон бо барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Токио-2020 дар вазни +67 кг ва қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2023 дар вазни то 73 кг Алтеа Лаурини 22-солаи фаронсавӣ анҷом медиҳад.