Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми август дар шаҳри Пориси Фаронса баргузор шуд, бо маросими пӯшидашавии Олимпиада ба анҷом расид.
Варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса 29 медал (9 тилло, 7 нуқра ва 13 нишони биринҷӣ) гирифтанд.
Виктор Рассадин, варзишгар аз Тоҷикистон, дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса дар риштаи гуштии озод дар мубориза барои медали биринҷӣ ноком шуд.
Мунира Абдусаломова, варзишгари тоҷик, дар аввалин рақобаташ дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Пориси Фаронса дар риштаи таэквондо дар вазни +67 кило миёни занон ноком шуд.
Виктор Рассадин дар Олимпиадаи Порис барои медали биринҷӣ мубориза мебарад
Виктор Рассадини 30-сола дар риштаи гуштии озод дар вазни то 74 кило 9-уми август аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпӣ доир намуд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) зери раҳбарии Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2024 ширкат хоҳад кард.
Варзишгарони Узбекистон, ки дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса то ҳоло се медали тило ва ду нишони биринҷӣ ба даст овардаанд, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсафанд.
Варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон – то ҳоло дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса 17 медал ба даст овардаанд.
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии мусобиқаи байнулмилалӣ барои Ҷоми Мердека (Ҷоми Истиқлол), ки аз 4-ум то 8-уми сентябри соли равон дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор мешавад, бо тими миллии Лубнон бозӣ мекунад.
Бозиҳои ҷавобии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024, ки рӯзҳои 2-4-уми август доир гардиданд, ҷуфтҳои иштироккунандаи даври чорякниҳоиро муайян карданд.
Равзанаи интиқоли тобистонаи футболбозони бошгоҳҳои лигаи олии қаҳрамонии Тоҷикистон ба анҷом расид.
Ёфтҳои бештар