Мунира Абдусаломоваи 26-сола рӯзи 10-уми август дар даври 1/8-ниҳоӣ аз барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Токио-2020 ва қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2023 Алтея Лорени 22-солаи фаронсавӣ бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ маҳрум гашт.
Ҳамакнун намояндаи охирини Тоҷикистон - Виктор Рассадин дар Олимпиадаи Порис барои медали биринҷӣ мубориза мебарад. Рассадини 30-сола дар риштаи гуштии озод
дар вазни то 74 кило 9-уми август ба рақобат пардохт. Ӯ дар даври ҳаштякниҳоӣ ба гуштигири 22-сола Георгиос Коугиоумтсидис аз Юнон бо ҳисоби 8:2 дастболо шуда, ба чорякфинал роҳ ёфт.
Рассадин дар даври чорякниҳоӣ Лу Фенги 20-соларо аз Чин бо ҳисоби 7:4 мағлуб карда, ба нимфинал баромад. Вале паҳлавони Тоҷикистон шаби ҷумъа дар даври ниманиҳоӣ аз гуштигири 26-солаи узбекистонӣ Разамбек Ҷамолов бо ҳисоби 2:8 шикаст хӯрд.
Виктор Рассадин барои медали биринҷӣ 10-уми август соати 21:10 бо вақти Душанбе мубориза мебарад, аммо ҳанӯз рақибаш муайян нашудааст. Дар қувваозмоии дигар барои нишони биринҷӣ Киле Дуглас Даке аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико талош хоҳад кард, ки рақиби ӯ низ ҳоло маълум нест.
Ғолибони даври ниманиҳоӣ - Даичи Такатани аз Ҷопон ва Разамбек Ҷамолов аз Узбекистон - дар финал, ки шаби 10-уми август доир мегардад, барои медали тилло мубориза мебаранд.
Виктор Рассадин, ки зодаи Ёқутистони Русия мебошад, моҳи сентябри соли 2023 шаҳрвандии Тоҷикистонро ҳам ба даст овард, моҳи феврали имсол қаҳрамони кишвар дар гуштии озод ва ноиби қаҳрамони Осиё гардид.
Ба ин тартиб, аз 14 варзишгари тоҷик то ҳоло се нафар – Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, ҳарду дар риштаи ҷудо, Давлат Болтаев дар риштаи бокс - аз Порис бо медали биринҷӣ бармегарданд. Аммо даҳ варзишгари тоҷик рақобатҳои худро бе медал ба анҷом расониданд.
Дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ мунтахаби Узбекистон, ки то ҳоло бо панҷ медали тилло ва се нишони биринҷӣ мақоми 14-умро касб кардааст, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф мебошад.
Мунтахабҳои Қазоқистон бо касби 7 медал - 1 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷойи 36-ум, Қирғизистон бо касби 4 медал – 1 нишони нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷойи 70-ум ва Тоҷикистон бо касби 3 медали биринҷӣ дар ҷойи 77-ум ҷойгир шудаанд. Вале варзишгарони Туркманистон то ҳоло медал нагирифтаанд.
Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Олимпиадаи Порис то ҳоло варзишгарони 86 кишвар медал ба даст овардаанд, аз ҷумла намояндагони 60 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз гаштаанд.
Дастаи мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо дар ҷойгоҳи аввал аст. Варзишгарони ин кишвар 111 медал, аз ҷумла 33 нишони тилло, гирифтаанд.
Мунтахаби Чин бо касби 83 медал, ки 33-тоаш тиллост, дар зинаи дувум мебошад. Мунтахаби Австралия бо касби 48 медал, минҷумла 18 нишони тилло, мақоми севумро соҳиб шудааст.
Варзишгароне, ки аз Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ медали тилло мегиранд, бо Ҷоизаи президенти кишвар ба маблағи 300 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд. Барои медали нуқраи олимпӣ ҷоизаи молӣ ба маблағи 250 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар Олимпиадаи Париж барандагони медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷрагӣ, медали нуқра – манзили дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.
Ба ғайр аз ин, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба қаҳрамони Бозиҳои олимпии Париж 20 ҳазор доллар, ба ҷоизадори нуқра 15 ҳазор доллар ва ба барандаи медали биринҷӣ 10 ҳазор доллар ҷоизаҳои молӣ муқаррар кардааст.
Дар зимн, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1996 ширкат варзида, то имрӯз 7 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Аммо дар Олимпиадаи Токио-2020 варзишгарони тоҷик бе медал монда буданд.
Гуфтугӯ