Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виктор Рассадин дар Бозиҳои олимпии Порис бе медал монд


Виктор Рассадин ҳангоми рақобат бо Чермен Валиев. Порис, 10-уми августи 2024
Виктор Рассадин ҳангоми рақобат бо Чермен Валиев. Порис, 10-уми августи 2024

Виктор Рассадин, варзишгар аз Тоҷикистон, дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса дар риштаи гуштии озод дар мубориза барои медали биринҷӣ ноком шуд.

Рассадини 30-сола дар вазни то 74 кило (гуштии озод) шаби 10-уми август барои медали биринҷӣ аз рақибаш Чермен Валиеви 25-сола аз Албания бо ҳисоби 2:6 мағлуб шуд.

Дар қувваозмоии дигар дар риштаи гуштии озод барои нишони биринҷӣ Киле Дуглас Дейк аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рақибаш Хетик Саболовро аз Сербистон бо ҳисоби 10:4 ноком кард.

Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар вазни то 74 кило - Даичи Такатани аз Ҷопон ва Разамбек Ҷамолов аз Узбекистон - дар финал, ки шаби 10-уми август доир гардид, мубориза бурданд. Паҳлавони 26-солаи узбекистонӣ, ки бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд, ба унвони қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ ва медали тилло даст ёфт.

Виктор Рассадин рӯзи 9-уми август дар даври ҳаштякниҳоӣ ба гуштигири 22-сола Георгиос Коугиоумтсидис аз Юнон бо ҳисоби 8:2 дастболо шуда, ба чорякфинал роҳ ёфт.

Дар даври чорякниҳоӣ Лу Фенги 20-соларо аз Чин бо ҳисоби 7:4 мағлуб карда, ба нимфинал баромад. Вале паҳлавони Тоҷикистон шаби ҷумъа дар даври ниманиҳоӣ аз гуштигири узбекистонӣ Разамбек Ҷамолов бо ҳисоби 2:8 шикаст хӯрд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон - Мунира Абдусаломоваи 26-сола - дар риштаи таэквондо рӯзи 10-уми август дар аввалин рақобаташ дар вазни +67 кило миёни занон аз барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Токио-2020 ва қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2023 Алтея Лорени 22-солаи фаронсавӣ шикаст хӯрд. Мунира дар даври тасаллобахш шаби 10-уми август аз Лорена Брендли 27-сола аз Олмон мағлуб гашт.

Ба ин тартиб, аз 14 варзишгари тоҷик се нафар – Сомон Маҳмадбеков (81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), ҳарду дар риштаи ҷудо, Давлат Болтаев (92 кг) дар риштаи бокс - аз Порис бо медалҳои биринҷӣ бармегарданд.

Аммо 11 варзишгари тоҷик - муштзанҳо Баҳодур Усмонов (63,5 кг) ва Миҷгона Самадова (57 кг); ҷудокорон Эмомалӣ Нуралӣ (66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (73 кг), Комроншоҳ Устопириён (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг); шиноварон - Фахриддин Мадкамов (тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон) ва Екатерина Бордачёва (тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон); даванда Фаворис Музрапов (дав ба масофаи 100 метр байни мардон); Виктор Рассадин (74 кг) дар риштаи гуштии озод ва Мунира Абдусаломова (+67 кг) дар риштаи таэквондо - рақобатҳои худро бе медал ба анҷом расониданд.

Дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ мунтахаби Узбекистон, ки бо 13 медал (8 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми 13-умро касб кардааст, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф мебошад.

Мунтахабҳои Қазоқистон бо касби 7 медал (1 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи 41-ум, Қирғизистон бо касби 6 медал (2 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи 68-ум ва Тоҷикистон бо касби 3 медали биринҷӣ дар ҷойи 79-ум ҷойгир шудаанд. Вале варзишгарони Туркманистон медал нагирифтаанд.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Олимпиадаи Порис то ҳоло варзишгарони 90 кишвар медал ба даст овардаанд, аз ҷумла намояндагони 63 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз гаштаанд.

Дастаи мунтахаби Чин дар ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо дар ҷойгоҳи аввал аст. Варзишгарони ин кишвар 90 медал, аз ҷумла 39 нишони тилло, гирифтаанд.

Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 122 медал, ки 38-тоаш тиллост, дар зинаи дувум мебошад. Мунтахаби Австралия бо касби 50 медал, минҷумла 18 нишони тилло, мақоми севумро соҳиб шудааст.

Варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Порис медали биринҷӣ гирифтанд, бо Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 200 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.

Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар Олимпиадаи Порис барандагони медали биринҷӣ шуданд, манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад. Ба ғайр аз ин, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба барандагони медали биринҷии Бозиҳои олимпии Порис 10 ҳазор доллар ҷоизаҳои молӣ муқаррар кардааст.

Дар зимн, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1996 ширкат варзида, ҳамагӣ 7 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Аммо дар Олимпиадаи Токио-2020 варзишгарони тоҷик бе медал монда буданд.

XS
SM
MD
LG