Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дуюми байнулмилалии дӯстона аз тими миллии Қазоқистон бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрд.
Дастаи мунтахаби наврасони Афғонистон (U-17), ки дар бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2024 бар тими наврасони Узбекистон (U-17) бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гардид.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2024 дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар тими наврасони Эрон (U-17) аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ пирӯз шуд, барандаи медалҳои биринҷӣ гардид.
Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) шартномаи ҳамкориро бо мутахассиси гурҷӣ-белгиягӣ Гела Шекиладзе тамдид кард. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар додааст.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии аввали байнулмилалии дӯстонаро ба тими миллии Қазоқистон бо ҳисоби бузурги 0:3 бохт.
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XVII паралимпӣ, ки аз 28-уми август то 8-уми сентябр дар шаҳри Пориси Фаронса баргузор мешаванд, иштирок намекунанд.
Дар мусобиқоти Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 Тоҷикистонро ду даста – “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон ва “Равшан”-и Кӯлоб, ноиби қаҳрамони кишвар, намояндагӣ хоҳанд кард.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозии дувумаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2024 аз тими наврасони Афғонистон (U-17) бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда, аз ҳаққи иштирок дар бозии ниҳоӣ маҳрум гашт.
Дар шаҳри Душанбе нахустин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштингирӣ баргузор мешавад.
Дар бозиҳои аввали даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024, ки рӯзҳои 23-25-уми август баргузор мешаванд, ҳафт дастаи лигаи олӣ ва як тими лигаи аввал – “Шодмон”-и Ҳисор иштирок мекунанд.
Фаррух Амонатов, шатранҷбози маъруфи тоҷик, дар Ҷашнвораи байнулмилалии шоҳмот дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар мусобиқаи блитс ё бозии барқвор пирӯз шуд.
Бозиҳои даври чордаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 16-18-уми август баргузор шуданд.
Ёфтҳои бештар