Футболбози маъруфи тоҷик Ваҳдат Ҳанонов бо бошгоҳи «Сипоҳон» шартномаи дусола ба имзо расонд.
Ду соли ахир Ҳанонов дар ҳайати тими «Персеполис» бозӣ карда, ду бор қаҳрамони Эрон шудааст.
Ваҳдат Ҳанонов аз соли 2018 дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати мунтахаби кишвар 35 бозӣ анҷом дода, 4 гол задааст.