Бозиҳои ин мусобиқаи байналмилалӣ аз 19-ум то 24-уми июл дар маҷмааи варзишии «Юнусобод»-и шаҳри Тошканд бо иштироки дастаҳои мунтахаби Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Гватемала доир гардид.
Аввал марҳилаи гурӯҳӣ баргузор шуд. Баъди натиҷагирии бозиҳои гурӯҳӣ дар ҷадвали мусобиқа мунтахаби Узбекистон бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард.
Дастаҳои мунтахаби Гватемала, Тоҷикистон ва Қирғизистон сеимтиёзӣ гирифтанд. Бо назардошти таносуби тӯбҳо Гватемала (10-10), Тоҷикистон (7-7) ва Қирғизистон (6-10) мутаносибан дар зинаҳои дувум, севум ва чаҳорум ҷойгир шуданд.
Дар марҳилаи плей-офф, ки 24-уми июл доир гардид, нахуст тимҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ҷойи севум мубориза бурданд. Футзалбозони тоҷик қирғизҳоро бо ҳисоби 3:1 шикаст дода, барандаи медали биринҷӣ гардиданд.
Дар бозии ниҳоии ин мусобиқа дастаи мунтахаби Узбекистон бар тими Гватемала бо ҳисоби 7:4 ғолиб омада, бо Ҷоми хотираи Мираброр Усмонов ва медали тилло сафароз гашт. Ба тими Гватемала медали нуқра тақдим шуд.
Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар даври аввали ин мусобиқа аз дастаи мизбон - Узбекистон - бо ҳисоби 2:3, баъдан аз тими Гватемала бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуда, дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ бар дастаи Қирғизистон бо ҳисоби 4:1 ғолиб шуда буд.
“Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Мираброр Усмонов барои дастаи мо як марҳилаи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар Узбекистон барпо мегардад, маҳсуб мешуд”, - гуфт Пайрав Воҳидов.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои яккачини Марокаш (16-уми сентябр), Португалия (19-уми сентябр) ва Панама (22-юми сентябр) бозӣ мекунад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии футзали Осиё, ки моҳи апрели имсол дар Бангкоки Тайланд доир гардид, мақоми чаҳорумро касб намуда, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2024 роҳ ёфт.
Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин ба қаҳрамонии ҷаҳон роҳхат гирифт. Аз қораи Осиё ба ҷуз аз тими миллии Узбекистон (ба ҳайси мизбон), тимҳои мунтахаби Эрон, Тайланд, Тоҷикистон ва Афғонистон ба Ҷоми ҷаҳон-2024 роҳ пайдо карданд.
Мусобиқаи байналмилалии футзал ба хотираи Мираброр Усмонов дар Тошканд
Иштироккунандагон:
Узбекистон
Тоҷикистон
Гватемала
Қирғизистон
Даври 1-ум
19-уми июл (ҷумъа)
Қирғизистон – Гватемала – 4:3
Голҳо: Дониёр уулу, 10, 40, Амондик уулу, 28, Аскарбеков, 35 - Фернандо Кампаняк, 1, Джонни Диас, 22, Марвин Сандовал, 27.
Узбекистон – Тоҷикистон – 3:2
Голҳо: Самандар Ризомов, 4 (0:1). Комрон Алиев, 9 – ба дарвозаи худ (1:1). Суннат Ҷӯраев, 10 (2:1). Илҳом Ҳамроев, 33 – ба дарвозаи худ (2:2). Ихтиёр Рофиев, 34 (3:2).
Даври 2-юм
20-уми июл (шанбе)
Тоҷикистон – Гватемала – 1:3
Голи Тоҷикистон: Самандар Ризомов
Узбекистон – Қирғизистон – 3:1
Голҳо: Ҳусниддин Нишонов (13, 31, 39) — Муҳаммад Аскарбеков.
Даври 3-юм
22-юми июл (душанбе)
Тоҷикистон – Қирғизистон – 4:1
Голҳо: Фирӯз Бекмуродов, 11, 17, Насратшо Исмоилов, 24, Баҳодур Хоҷаев, 32 - Шоҳрух Маҳмадаминов, 12.
Узбекистон - Гватемала - 5:4
Голҳо: Музаффар Аҳадҷонов 3, - 1:0. Жонни Диас 8, - 1:1. Акбар Усмонов 9, - 2:1. Аброр Ахмедзянов 18, - 3:1. 14.Самариддин Беркинов 31, - 4:1. Акбар Усмонов 34, - 5:1. Женнер Паниагуа 38, - 5:2. Аброр Аҳмедзянов (автогол) 39, - 5:3. Марвин Сандовал 39, - 5:4.
Плей-офф
24-уми июл (чоршанбе)
Бозӣ барои ҷойи севум
Тоҷикистон – Қирғизистон – 3:1
Голҳо: Умедҷон Қузиев, Иқбол Воситзода, Насратшо Исмоилов - Аскарбеков, 6.
Аз бозӣ хориҷ шуд: Фирӯз Бекмуродов (Тоҷикистон), 1.
Финал
Узбекистан - Гватемала - 7:4
Голҳо: Музаффар Аҳадҷонов 4, - 1:0. Патрик Руиз 5, - 1:1. Роберто Алвардо 6, - 1:2. Аброр Ахмедзянов 7, - 2:2. Роберто Алварадо 10, - 2:3. Ихтиёр Рофиев 11, - 3:3. Илҳом Ҳамроев 18, - 4:3. Фернандо Кампаинак 21, - 4:4. Илҳом Ҳамроев 24, - 5:4. Аброр Ахмедзянов 37, - 6:4. Илҳом Ҳамроев 39, - 7:4.
Гуфтугӯ