Владимир Зеленский, президенти Украина, гуфт, омодааст, ба хотири сулҳ дар кишвараш аз мақоми худ истеъфо диҳад. Ӯ яке аз роҳҳои расидан ба сулҳро дар пазируфтани Украина ба созмони низомии НАТО донист.
Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи 22-юми феврал гуфт, аз Украина мехоҳад, миллиардҳо долларе, ки аз Амрико барои ҳифзи ин кишвар аз таҷовузи Русия ба даст овардааст, пас гардонад.
Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон мегӯяд, соли 2024 вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон “рӯ ба беҳбудӣ” ниҳод. Ӯ дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбариаш арзёбии созмонҳои байналмилалӣ аз бадтар шудани ҳуқуқи инсон дар кишварро бепоя хонд.
Ҳамаи чеҳраҳои шинохта, ки бо иттиҳоми қасди табаддулот ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд, аз ҳукми додгоҳ ба зинаи касатсионӣ шикоят бурдаанд. Дар ин бора як манбаи муътамад аз Додгоҳи олӣ 19-уми феврал ба Радиои Озодӣ хабар дод.
Аввалин музокироти мақомоти баландпояи ИМА ва Русия, ки аз замони оғози ҷанг дар Украина баргузор шуд, ба анҷом расид.
Мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 13-уми феврал ҳукми ширкатдорони парвандаи ба ном "талоши табаддулот"-ро қироат карданд. Дар иттиҳоми нуҳ маҳкумшуда иттиҳоми "хиёнат ба давлат" дар танҳоӣ ва ё якҷоя бо "бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият" вуҷуд дорад.
Гузориши тозаи Идораи омори Эрон нишон медиҳад, ки тақрибан сеяки мардуми Эрон рӯзона камтар аз ду доллар даромад доранд ва барои хариди маводи зарурӣ ба сахтӣ пул меёбанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар робита ба нақшаи эҳтимоли ҳамлаи террористӣ ба ҷашни Наврӯз дар шаҳри Ваҳдат дар соли 2024 30 нафар, бо шумули роҳбари тарҳ Абубакр Ҳикматов, боздошт ва аз 8 то 20 сол зиндонӣ шудаанд. Ҳамчунин пайгарди 10 гумонбари дигар идома дорад.
Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон яке аз сабабҳои зиёд ихроҷ ва пас гардондани муҳоҷирони Тоҷикистон аз Русияро ба ҳодисаи ҳамла ба толори консертии Крокус рабт дод.
Оҷонсии мубориза бо фасод дар Тоҷикистон парвандаи 78 нафар мансабдорро барои тасарруфи беш аз 120 миллион сомонии Вазорати дифои кишвар ба додгоҳ фиристодааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки дар ҳодисаи рӯзи 3-ми феврал дар зиндон ё муассисаи ислоҳии 3/2, воқе дар шаҳри Ваҳдат, ҳамла ба сардори зиндон сурат гирифтааст.
"Гурӯҳи 24" мехоҳад, сохти давлатдории Тоҷикистон парлумонӣ бошад, на президентӣ. Дар ин бора ва нақшаҳои дигари ин ҳаракати сиёсии манъшуда дар Тоҷикистон раҳбари он Дилшод Шарипов тафсилот дод.
Ёфтҳои бештар