Ҷумъаназар Саидаҳмадзода, сардори Раёсати муқовимат бо терроризм ва экстремизми Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 14-уми феврал дар нишасти матбуотие гуфт, "ин гурӯҳ мехостанд дар ҷашни Наврӯз бо роҳи заҳролуд кардани хӯрокҳо мардуми зиёдеро бикушанд." Ба қавли Саидаҳмадзода, ин афрод ба гурӯҳи теророристии "Давлати исломии Хуросон" (ДОИШ-и Хуросон) мансуб будаанд. Ӯ гуфт, ҳанӯз даҳ тан аз узви ин гурӯҳ боздошт нашудаанд ва дар пайгард қарор доранд.
Додситонӣ ба ҷуз раҳбари ин гурӯҳ, шахсияти маҳкумшудаҳои дигарро ошкор накард.
Пештар манбаҳои Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки аксари боздоштшудаҳо сокинони шаҳри Ваҳдат, Норак ва Роғун ҳастанд.
Номи Абубакр Ҳикматов бори аввал расонаӣ мешавад, маълум нест, ки ӯ чӣ мақоме дар таркиби ДОИШ-и Хуросон доштааст. Назари худи маҳкумшудаҳо ва наздикону вакилони дифоъяшон маълум нест.
Соли гузашта хабари боздошти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон пас аз ҳодисаи ҳамла ба толори консертии "Крокус" расонаӣ шуда буд. Он замон чанд манбаъи боэътимоди Радиои Озодӣ аввали моҳи апрел гуфта буданд, ки маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қариб 20 касро ба гумони омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ боздошт кардаанд. Бархе аз расонаҳо аз ҷумла "Ройтерз" ва хабаргузории маҳаллии "Азия-Плюс" ин хабарро нашр карда буданд, аммо Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон он вақт ин хабарҳоро рад карда буд. Вале Юсуф Раҳмон, Додситонии кулли собиқи кишвар 9-уми августи соли гузашта дар нишасти хабарӣ ин ҳодиса ва боздошти беш аз 20 нафарро ба дунболи он таъйид кард.
Ҳабибуллоҳ Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 14-уми феврал гуфт, дар соли 2024 "1494 ҷинояти хусусиятҳои террористӣ-экстремистӣ дошта ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 226 адад ё 17,8 фоиз зиёд мебошад."
Ба қавли додситони кулл, соли гузашта дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ бештар аз 22 ҳазор ҷиноят содир шудааст, ки дар қиёс ба як соли пеш наздики 1000 адад бештар будааст. Аз рӯи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ дар соли гузашта дар Тоҷикистон 5 ҳодисаи террористӣ сабт шуда, 3-тои он сурат гирифта аз 2 ҳодиса пешгирӣ шудааст. Санҷиши мустақилонаи ин маълумот номумкин аст.