Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ тасдиқ кард, ки сардори зиндони Ваҳдат захмӣ шудааст


Зиндони Ваҳдат
Зиндони Ваҳдат

Додситонии кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки дар ҳодисаи рӯзи 3-ми феврал дар зиндон ё муассисаи ислоҳии 3/2, воқе дар шаҳри Ваҳдат, ҳамла ба сардори зиндон сурат гирифтааст.

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти хабарие дар Душанбе, рӯзи 14-уми феврал гуфт, ки дар пайи ин ҳодиса сардори зиндон “кушта не, захмӣ шудааст."

Ин мақомдор ному насаби сардори зиндонро зикр накард.

Пештар бархе аз манбаъҳо ба Озодӣ дар бораи захмӣ шудани сардори зиндон ва муовинаш иттилоъ дода буданд. Аз сардори зиндон Садриддин Айнӣ ном бурда шуда буд.

Воҳидзода гуфт, ки дар пайи ин ҳодиса гурӯҳи фаврии тафтишотии Додситонии кулл аз рӯйи моддаҳои “сӯъиқасд ба куштор” ва “номураттаб сохтани кори муассисаҳои ислоҳӣ” (моддаи 332 КҶ ҶТ) боз кардааст.

Додситони кул бо ишора ба анҷоми корҳои тафтишотӣ аз додани маълумоти бештар дар мавриди сабабу омилҳои ҳодиса ва теъдоди захмиёну кушташудаҳо худдорӣ кард. Аммо гуфт, ки “гуруҳи маҳкумшудагоне, ки дар он ҷо адои ҷазо мекарданд ва ба ҷиноятҳои характери экстремистӣ-террористӣ ба муҳлатҳои гуногун ба ҷавобгарӣ кашида шуда буданд, байни худашон маслиҳати ҷинояткорона карда, бо асбобу анҷоми халандаю бурранда мусаллаҳ гашта, ба кормандони муассисаи ислоҳи ҳуҷуми мусаллаҳона карда, 3 нафари онҳоро ҷароҳатдор мекунанд, ки яке аз онҳо ҷароҳати вазнин буда, дигаронаш каме вазнин ва сабук”.

Рӯзи 3-юми феврал дар ин зиндони шаҳри Ваҳдат, ки бо маҳбаси 6 маъруф аст, нооромӣ сар зад. Ба гуфтаи мақомот, чанде аз зиндониён бо мақсади “қатл ва фирор” ба нигаҳбонони зиндон ҳамла кардаанд. Дар натиҷа ба маълумоти расмӣ 3 ва ғайрирасмӣ то 7 маҳбус кушта, чанд корманди зиндон захмӣ гаштаанд. Бино ба маълумоти дарёфтии Радиои Озодӣ аз наздикони баъзе аз маҳбусони кушташуда, ҷасадҳои онҳо зери тадобири шадиди амниятӣ фавран ва шабона дар зодгоҳҳояшон ба хок супурда шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG