Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ: баъди ҳодисаи Крокус ихроҷи муҳоҷирон “бениҳоят зиёд аст”


Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон
Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон яке аз сабабҳои зиёд ихроҷ ва пас гардондани муҳоҷирони Тоҷикистон аз Русияро ба ҳодисаи ҳамла ба толори консертии Крокус рабт дод.

Ӯ дар нишасти хабарии рӯзи 14-уми феврал гуфт, ки теъдоди ин нафарон аз 30 ҳазор ҳам гузашт ва танҳо аз фурудгоҳҳои Русия 17 ҳазору 815 шаҳрванди Тоҷикистон дар соли 2024 бозпас гардонида шудааст. Маълум нест, шумораеро, ки Воҳидзода дар назар дорад, дақиқан чанд аст ва он чӣ қадар аз 30 ҳазор гузаштааст.

“Ҳодисаи Коркус боиси он шуд, ки дар Русия баъди ин чӣ қадар қонунҳои нав нисбати муҳоҷират қабул шуд, ки ҳуқуқҳои муҳоҷиркунандаҳоро чӣ қадар маҳдуд мекунад. Шахсонеро, ки бозпас гардонида мешаванд, бинед. Ҳатто барои ночиз масъалаҳо: паспорт дуруст нест, муҳлати воридшавӣ наомадааст, дар кофтукоб аст, андоза насупоридаст, ҷаримаро насупоридаст ё дигар сабаб. Бинед чи хел мушкилиҳоро ба миён овард”,--гуфт додситони кулли Тоҷикистон.

Видеоро инҷо бинед:

Аввалин нишасти хабарии Ҳабибулло Воҳидзода дар мақоми Додситони кулли Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

Омори муҳоҷирони ихроҷшудаву бозпасгардонидашуда аз Русия дар ҳоле аз забони додситони кулли Тоҷикистон садо дод, ки мақомоти дигари Тоҷикистон имсол бархилофи солҳои пешин, аз ироаи теъдоди муҳоҷирон худдорӣ карданд.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзоода раиси Оҷонсии омори Тоҷикистон ду рӯз пеш гуфт, ки шумораи муҳоҷирон вориди муҳри махфӣ шудааст ва аз гуфтани он худдорӣ кард.

Рӯзи 12-уми феврал вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмуҳаммадзода низ омори муҳоҷиронро нагуфт ва далелашро номутобиқатии омори онҳо бо ҷониби Русия донист. Дар нишасти хабарии Кумитаи занон низ аз гуфтани теъдоди занони муҳоҷир канораҷӯйӣ карданд ва гуфтанд, ин омор махфӣ шудааст.

Тоҷикистон соли 2017 дар пайи наздик ба 20 миллиард доллар дар панҷ сол фиристодани пул аз сӯйи муҳоҷирон, ки Русия эълон кард, омори пули интиқолшуда аз ин кишварро низ махфӣ кард.

Тобистони соли гузашта Вазорати меҳнату муҳоҷират теъдоди шаҳрвандони ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаи Тоҷикистонро 392 ҳазору 805 нафар гуфт, ки 78 ҳазору 753 нафари онҳо занон будаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG