Коркарди конҳои саршор аз нафти Қазоқистон, ки интизор мерафт зиндагии миллионҳо сокини камбизоати ин кишварро беҳтар кунад, танҳо як гурӯҳи хурдро сарватманду соҳибқудрат намуд. Мардуми деҳаҳои наздик ба корхонаҳои нафт мегӯянд, ин захираҳо барояшон фақат дарду ранҷ ва талафот овард. Онҳо ин полоишгоҳҳоро ба заҳролуд шудани одамон айбдор мекунанд.
Радиои Озодӣ, Консорсиуми байнулмилалии рӯзноманигорони пажӯҳишгар (ICIJ) ва бист расона низ дар таҳқиқи худ ба ин хулоса расидаанд, ки рушди саноати нафт дар Қазоқистон ба талафоти инсонӣ сабаб гаштааст.
“Шоҳзодаи нафт”
Ойгул Уралбоева, сокини Оқсой, модари тифли бемор, мегӯяд, "онҳо хуб медонанд, ки мо аз кони нафту газ заҳролуд шудаем. Агар эътироф кунанд, бепул мемонанд. Яъне, аз даромади иловагии буҷа маҳрум мешаванд."
Аксар сокиноне, ки дар наздикии полоишгоҳҳои нафту гази Қазоқистон зиндагӣ мекунанд, чунин эҳсос ва фикр доранд.
Дар ҳамин ҳол, баъзе аз шаҳрвандони Қазоқистон бо истифода аз робитаҳои худ ва тавассути саноати сердаромади нафт сарвати зиёд ба даст овардаанд. Яке аз онҳо Тимур Қулибоев аст. Домоди миллиардери Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон.
Ӯро гоҳе “шоҳзодаи нафт” меноманд. Тимур Қулибоев бо истифода аз пайвандҳои худ дар ҳукумат ва ширкатҳои ҷаҳонӣ талош кард, кишварро ба яке аз тавлидкунандагони бузурги нафту газ дар ҷаҳон табдил диҳад. Маҷаллаи Forbes сарвати ӯро 5 милллиард доллар баршумурдааст.
Шахсоне ба мисли ӯ бо чӣ роҳ сарват ба даст овардаанд ва чаро ба мушкили одамоне, ки дар наздикии полоишгоҳҳои нафту газ зиндагӣ доранд, касе таваҷҷӯҳ надорад? Ба ин суолҳо дар Радиои Озодӣ, Консорсиуми байнулмилалии рӯзноманигорони пажуҳишгар (ICIJ) ва 20 расона посух ҷустаанд. Таҳқиқи онҳо ду сол давом карда, бар пояи даҳҳо ҳазор санади махфӣ таҳия гардид.
Дар он аз ҷумла гап дар бораи тарҳи Каспий ё хати лӯлаи муҳиме, меравад ки аз Қазоқистону Русия ба Аврупо мегузарад. Муҳаққиқон ба ин суол ҳам посух ҷустаанд, ки қарордод барои истихроҷи конҳои нафти Қазоқистон чӣ гуна ба даст омадаанд? Намояндаи ширкати Қулибоев - Schillings Communications гуфтааст, вай як соҳибкори мустақил ва сарватмандест, ки манфиатҳои тиҷорӣ ва собиқаи санҷидашуда дорад.
Фишорбаландӣ, дарди сар ва беҳушӣ
Сармоягузории хориҷӣ ва бахши нафт сабаб шуд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии Қазоқистон аз соли 1990 то 2000 якбора боло рафт. Нафту газ ба моли асосии содиротии Қазоқистон табдил ёфт. Ин ҳамон даврае буд, ки сатҳи зиндагии мардум боло рафта, ҷойҳои холии кор офарида шуданд.
Нобаробарӣ дар истифода ва тақсими сарвати Қазоқистон ҳамоно бузург аст. Як санҷиши молиявӣ дар соли 2018 маълум кард, ки нисфе аз дороиҳои кишварро ҳамагӣ 160 нафар дар ихтиёр доранд.
Дар пажуҳиш гуфта мешавад, ки дар маҳалли истихроҷи газ ширкатҳои ҷаҳонии нафт ва ҳукумат пайомадҳои бузурги экологиро баррасӣ мекарданд, аммо сокинон ва фаъолон онҳоро ба он айбдор мекунанд, ки ба мушкили олудашавии ҳаво ва зарари он ба сиҳатии одамон чашм мепӯшанд.
Дар деҳаи Березовка, ки дар наздикии конҳои нафту газ ҷойгир аст, сокинон аз фишорбаландӣ, дарди сар ва беҳушӣ азият мекашанд. Гузоришҳо аз нахустин мавриди ба бемориҳои музмини номаълум гирифтор шудани сокинони он 10 сол пеш расонаӣ шуданд, аммо мақомот он замон ин хабарро рад кард.
Ҳукумат пойфишорӣ мекунад, ки коркарди нафту газ ба сиҳатии одамон зиён надорад. Сарони ширкатҳо ҳам аз ин мавқеъ ҷонибдорӣ мекунанд. Вале танҳо сокинони Березовка нестанд, ки пас аз соҳиб шудани Қазоқистон ба майдони нафту гази Қарачаганак ба мушкил гирифтор шудаанд.
Мардуме, ки дар атрофи конҳои Қашаган ва Тенгизу чоҳҳои дигари бузурги нафт зиндагӣ мекунанд, аз ҳавои номусоиду олуда, обҳои равғанӣ ва расидани зарар ба киштзорҳояшон шикоят мекунанд.
Дар Березовка ҳоло зиндагӣ номумкин шудааст ва мардуми бумӣ онро тарк карда, пас аз муборизаҳои тӯлонӣ бо ҳукумат ба ноҳияҳои нав мекӯчанд. Ширкатҳои муштарак ҳамоно ба истихроҷу содироти газ идома медиҳанд.
Видеоро дар инҷо бинед: