Ӯ дар интихоботи моҳи ноябр пирӯз шуд ва қарор аст, охири ин моҳ расман ба кораш оғоз кунад. Аксаран гапи ӯ дар маъракаи интихоботиро фаромуш накардаанд, ки гуфта буд, “шумори ихроҷро дар таърихи Амрико ба сатҳи баландтарин мерасонем.”
Трамп гуфт, ки “интихоби дигар надорем, чунки чунин ҳол барои ҳеҷ кишвар мувофиқ нест.”
Ҳоло Трамп Том Ҳоманро масъули сиёсати муҳоҷират пешниҳод кардааст. Ӯ аз тарафдорони Трамп аст ва мегӯяд, “дар авҷи бӯҳрони азимтарини муҳоҷират дар ин кишвар, амалиёти оммавии ихроҷ ба роҳ монда мешавад.”
Бархе коршиносони соҳаи муҳоҷират мегӯянд, дар чунин вазъ муҳоҷирон аз Амрико дилсард шуда, амнияти ҷамъиятӣ халал пайдо мекунад.
“Муҳоҷирон назар ба амрикоиҳои бумӣ дар бораи ҷиноят ба полис бештар хабар медиҳанд. Вале таҳқиқот бисёр вақт нишон додааст, ки афзоиши фаъолияти беназми сохторҳои қудратӣ метавонад майли онҳоро барои гузориш додан дар бораи ҷиноят дар миёни муҳоҷирон кам кунад,”—гуфт Дэвид Бир, коршиноси масоили муҳоҷират.
Видеоро инҷо бинед:
Ҳоло агар муҳоҷирон қонуншикание накардаанд, то замони анҷоми баррасии аризаашон дар озодӣ мемонанд. Дар оянда эҳтимолан то содир шудани қарор онҳоро дар боздошт нигоҳ доранд. Ба гуфтаи Дэвид Бир “ихроҷи оммавӣ таваҷҷӯҳро аз мубориза бо ҷинояткорони ҷиддӣ дур мебарад.”
“Дар давраи маъмурияти пешини Трамп талабот оид ба ҷиноятҳои сангин дуюмдараҷа шуд ва Идораи муҳоҷират ҳабси афроди ҷиноятнокардаро ду баробар зиёд кард,”—гуфт коршинос.
Ӯ гуфт, айни замон, шумори ҷинояткороне, ки хостанд аз сарҳад гузаранд, се баробар зиёд шудааст. Трамп гуфт, рӯзи аввали корашро 20-уми январ бо масъалаи муҳоҷират оғоз мекунад.
Гуфтугӯ