Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро майли ҷавонони тоҷик ба омӯхтани забони чинӣ зиёд шудааст?


Донишҷӯён ва муҳассилони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон дар марказҳои зиёде забони чинӣ меомӯзанд.
Донишҷӯён ва муҳассилони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон дар марказҳои зиёде забони чинӣ меомӯзанд.

Тибқи иттилои Муассисаи Давлатии Маркази Барномаҳои Байналмилалӣ ҳузури донишҷӯёни тоҷик дар Чин назар ба соли гузашта 50 дарсад афзудааст.

Аз рӯи омори расмӣ агар 25 сол пеш ҳамагӣ 20 нафар ҷавони тоҷик барои таҳсил ба Чин рафта бошанд, ҳоло шумораи онҳо ба ҳазорҳо нафар расидааст. Устодони Донишкадаи Конфутсий дар шаҳри Бӯстон мегӯянд, алоқамандии ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар донишгоҳҳои Чин меафзояд. Дар ин боргоҳ ҳудуди 200 наврасу ҷавон пайи омӯзиши забони чинӣ ҳастанд.

Талош барои пайдо кардани ҷойи кор ва даромади хуб аз ширкатҳои чинии муқими Тоҷикистон ҷавононро бештар ба сӯи донишгоҳҳои он кишвар мекашад. Рустами Назар, донишҷӯ аст ва забони чинӣ меомӯзад. Ӯ бо забони чинӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ сӯҳбат кард: “Ман донишҷӯи Донишгоҳи кӯҳию металургии Тоҷикистон ҳастам. Ман ду сол боз забони чинӣ меомӯзам ва мехоҳам, ба Чин рафта, таҳсилро давом диҳам.”

Рустами Назар мехоҳад, технологияҳои пешрафта ба мисли ҳуши маснӯиро омӯзад ва мутахассиси соҳа гардад. Фарангис Зойирова донишҷӯ аст ва мехоҳад, донандаи хуби ин забон бошад: “Хонандаи мактаб мебошам. Забони чиниро 1,5 сол боз меомӯзам ва оянда мехоҳам ба Хитой рафта омӯзгори забони чинӣ шавам. Дар кишвари худамон кор карда ба дигарон ин забонро омӯзонам."

Чаро майли ҷавонони тоҷик ба омӯхтани забони чинӣ зиёд шудааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:17 0:00


Мэн Сиян Кай ҳашт сол боз дар Маркази Конфутсий омӯзгори забони чинӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, бинобар густариши ҳамкории Тоҷикистону Чин шумори шогирдонаш дар ин боргоҳ зиёд шудааст. Дар ин росто худаш ба омӯзиши забони тоҷикӣ майл пайдо карда ва гоҳо нозукиҳои дарсро ба забони тоҷикӣ мефаҳмонад.

Мэн Сиян Кай: “Ҷавонони тоҷик забони чиниро хуб меомӯзанд.”
Маркази омӯзишгоҳи Конфутсий дар вилояти Суғд 10 сол пеш ба фаъолият шурӯъ кардааст. Тӯли ин солҳо шӯъбаҳои омӯзишгоҳ дар чандин донишгоҳу муассисаҳои таълимии вилояти Суғд боз шудааст. Дар инҷо 6 омӯзгор аз Чин ва омӯзгорони тоҷики забони чинӣ кор мекунанд.

Эминҷон Азимов, Мудири омӯзишгоҳи Конфутсий дар вилояти Суғд: “Донишкадаи мо дар муддати фаъолияти хеш ба зиёда аз 5 ҳазор нафар забони чинӣ омӯхтааст ва аз ин шумора ҳарсол ҳудуди 30 ё 40 шогирди марказ бо квота ба донишгоҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дохил мешаванд. Синну соли шогирдони маркази мо аз 15 то 60-сола аст.”

Нуриддин Абдуллоев баъди 5 соли омӯзиш дар Чин ҳоло дар Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба ҳайси омӯзгори забони чинӣ кор мекунад. Ба ғайр аз ин вай унвонҷӯи илмӣ аст ва мавзуи кории ӯ “хусусиятҳои тарҷумаи осори адабӣ аз тоҷикӣ ба чинӣ дар мисоли Маснавии Маънавии Ҷалолиддини Балхӣ” аст.

Нуриддин Абдуллоев, омӯзгори забони чинӣ: “Адабиёти забони чинӣ бениҳоят ғанӣ аст ва мавзӯҳое ҳаст, ки мо аз он бехабар ҳастем. Мавзӯҳое, ки омӯзиши он ба ҳамагон зарур аст. Ин ҳам муносибати фарҳангию адабӣ мебошад.”

  • Таҳсили ройгон дар Чин

Шумори донишҷӯёни муҳассили мактабҳои олии Чин, бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Пекин, ҳазорҳо нафарро ташкил медиҳад ва ин ҷавонон дар беш аз 100 донишгоҳи ин ҳамсоякишвар бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. Мақомоти маориф мегӯянд, бозори бурсияи таҳсил дар Чин, ки аз ҷониби вазорати маорифи Тоҷикистон ва сафорати Чину Донишкадаи Конфутсий пешниҳод мегардад, хеле гарм аст ва пеш аз дигар кишварҳо пур мешавад.

Нилуфар Муродӣ, омӯзгори забони чинӣ: “Шояд талабот ба забони чинӣ аз он ҷиҳат зиёд шуда истодааст, ки тараққиёти иқтисодии Чин ва мубодилаи фарҳангу мубодилаи иқтисоди он бо кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон хеле рушд кардааст. Инчунин сабаби дигар ин аст, ки донишгоҳҳои Чин ба донишҷӯёни тоҷик, бурсияҳои яксолаву чорсола, магистрантиву докторӣ пешниҳод карда истодаанд.”

Агар то даҳ сол пеш танҳо дар як ё ду муассисаи таълимии вилояти Суғд забону фарҳанги чинӣ омӯзонида мешуд, ҳоло дар аксари Донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанду атрофи он омӯзиш ва ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Чин ба роҳ монда шудааст.

Ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон, ки то оғози солҳои 1990-ум қариб ҳеҷ гуна иртиботе надошт, аммо дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба бузургтарин сармоягузор ва шарики тиҷорӣ бадал шуд. Давоми даҳ соли ахир Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.

Аммо нигарониҳо аз шаффоф набудани қарзу сармояҳои Чин дар Тоҷикистон зиёд аст ва таҳлилгарон тақвияти нуфузи ҳамсоякишвари азим барои Тоҷикистонро хатарнок медонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG