Human Rights Watch дар гузориши солонааш гуфтааст, ки вазъи ҳуқуқи одамон дар соли 2024 дар Тоҷикистон бадтар шуд. Гузоришро рӯзи 16-уми январ нашр карданд. Радиои Озодӣ дар мусоҳибае аз Ҳю Виллиамсон, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Дидбони Ҳуқуқи Башар далели чунин хулосаро пурсид.
Боздошту ба даҳ сол зиндон маҳкум шудани сардабири нашрияи “Пайк” дар Хатлон дар ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон суолҳои зиёдро эҷод кард. Чӣ боис шуд, ки Аҳмади Иброҳим, ки дар баробари танқид аз мақомоти маҳаллӣ аз сиёсати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ мекард, боздошт ва зиндонӣ шавад?
Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш чӣ гуна аз “кӯшиши табаддулот” суистифода мекунанд?
Тоҷикистон дар ҷадвали имсолаи IQ (қобилияти зеҳнӣ) дар миёни 127 кишвар дар мақоми 96-ум ҷой гирифтааст. Ин нишондиҳанда дар қиёс ба давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ поин аст. Масъулони Вазорати маориф дар номае ба Радиои Озодӣ иддао кардаанд, ки ба рушди зеҳни хонандагон таваҷҷуҳи хос доранд.
Чанд рӯз пеш Хадамоти алоқаи Тоҷикистон 3 ширкати мухобиротиро ҷазо дод. Ин ҷаримабандӣ дар асоси шикояти мардум, ба вижаи сокинони деҳот, сурат гирифт. Радиои Озодӣ дар Хатлон аз сокинон пурсид, ки оё аз сифати алоқаи мобилӣ розӣ ҳастанд ва дар минтақаи онҳо интернет чӣ гуна кор мекунад?
Теҳрон барои Душанбе шарики муҳими роҳбурдист, ба вижа дар пасманзари нуфузи Туркия дар минтақа. Аммо баъзе аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба далели мушкилоти солҳои гузашта ва маҳдудиятҳои молии Эрон чашмандози муносибатҳои ин кишварҳо ҳамчунон номушаххас мемонад.
"Сиёсати дарҳои боз" меҳвари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад. Радиои Озодӣ аз сокинони Душанбе пурсид, ки Тоҷикистон ҳоло бо кадом кишварҳо дӯсту ҳамкори хубу наздик аст ва бо кадом кишварҳо муносибатҳояш бояд ислоҳ ё беҳтар шаванд?
То анҷоми соли 2024 ҳамагӣ чор рӯзи дигар мондааст. Аз рӯи одат одамон барои соли оянда ба якдигар орзуву таманниёти нек баён мекунанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аз мардум орзу ва таманниёташон барои соли 2025-ро пурсиданд.
Низоми худкомаи беш аз панҷоҳсолаи хонаводаи Асад дар Сурия суқут кард. Сарнавишти кишвар ба дасти “мухолифони мусаллаҳ”, бо роҳбарии "Таҳрир аш-Шом" уфтод. Оё суқути боз як низоми худкома ба сиёсатҳои дохилӣ дар Душанбе ва кишварҳои минтақа таъсир мекунад? Чӣ дарсҳое бояд барои худ бигиранд?
18-уми декабр Рӯзи байнулмилалии муҳоҷирон аст. Радиои Озодӣ дар остонаи ин рӯз аз хонаводаҳои бархе муҳоҷирон дар кишвар пурсид, ки пули фиристодаи фарзандонашон дар зиндагии онҳо то куҷо муҳим аст?
Аз дардҳои куҳнаи бархе аз фарҳангиёни тоҷик таассуби бемаврид нисбат ба маҳалли худашон аст. Маҳалгароӣ ба шаклҳои гуногун дар миёни онҳо зоҳир мешавад: гоҳ дар қолаби баҳсҳои сиёсию иҷтимоӣ, гоҳ дар гуфтмони торихию фарҳангӣ.
Фурӯпошии як ҳукумат чӣ гуна рух медиҳад? Чӣ омилҳое боис мешаванд, ки як ҳокими худкома (диктотур) дар пайи инқилоб, хезиши мардумӣ, шӯриши низомӣ, табаддулот ва мавридҳои дигари ба ин монанд аз қудрат канор биравад?
Ёфтҳои бештар