Боздошт ва ба даҳ сол зиндон маҳкум шудани сардабири нашрияи “Пайк” дар вилояти Хатлон дар ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон суолҳои зиёдро эҷод кард. Чӣ боис шуд, ки Аҳмади Иброҳим, ки дар баробари танқид аз мақомоти маҳаллӣ аз сиёсати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сарсахтона пуштибонӣ мекард, боздошт ва зиндонӣ шавад?
Аҳмади Иброҳим дар моҳи августи соли 2024 бо гумони “пешниҳоди пора” ба як маъмури амниятӣ боздошт шуд. Дертар рӯзноманигорро ба “ифротгароӣ” ва “тамаҷӯъӣ” низ гунаҳкор карданд. Ӯ дар чанд нома аз зиндон боздошташро “дасиса” ва иттиҳомҳоро бепоя хонд. Мақомот ҷузъиёти парванда ва ҳукмро ошкор накарданд.
Кай ва аз чӣ сар шуд?
Яке аз дӯстони Аҳмади Иброҳим (дар мақомоти интизомӣ дар Хатлон кор мекунад) рӯзи 14-уми январ бо шарти зикр нашудани ном таърихчаи мушкили рӯзноманигорро гуфт: "Ҳамааш соли 2021 сар шуд, замоне ки Бахтиёр Назарзода раиси шаҳри Кӯлоб таъйин гашт. Ӯ талош кард, ки рӯзноманигоронро ба вассофони худ табдил диҳад. Аҳмади Иброҳим на ҳамеша мувофиқи хоҳиши ӯ рафтор мекард."
"Аҳмади Иброҳим дар баробари таърифи раис аз мушкилҳое ба мисли бо пули буҷа то сари оромгоҳи модараш роҳ сохтани шаҳрдорро пайгирӣ мекард. Ин, албатта, ба шаҳрдор писанд набуд,"– илова кард мусоҳиби мо.
Назари раиси шаҳри Кӯлоб ба ин гуфтаҳо маълум нест. Тамосҳои мо барои фаҳмидани мавқеи ӯ то ин дам натиҷа надод.
Дар ҳамин ҳол, як мансабдори маҳаллӣ бо шарти фош нашудани номаш гуфт, масъалаи Аҳмади Иброҳим дар соли 2023 ҷиддӣ шуд. "Дар як ҷаласа Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, журналистонро сахт танқид кард. Аз Додситонӣ ва роҳбарони маҳаллии КДАМ хост, ки онҳоро назорат кунанд. Номи Аҳмади Иброҳим ва чанд рӯзноманигори давлатӣ дар ин ҷаласа садо дод," – гуфт ӯ. Ба далели пеш наомадани мушкил дар кораш номи мусоҳиби мо навишта намешавад.
Давлаталӣ Саид, аз наздикони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, соли 2023 раиси вилояти Хатлон таъйин шуд. Аҳмади Иброҳим дар баробари корҳои хуби ӯ, аз камбудҳояш низ мегуфту менавишт.
Аз он замон, ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, мақомот пайтеро барои ҷазо додани Аҳмади Иброҳим меҷустанд. Ба қавли онҳо, сабти суҳбатҳои хусусии ӯ бо дӯстону шогирдонаш дар соли 2023 "баҳонаи муносибе" гашт.
"Дар ҷое аз ин сабтҳо Аҳмади Иброҳим Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқа ва қудои президентро барои сохтмонҳои бесифат дар Кӯлоб танқид кардааст. Гуфтааст, наход президент каси дигаре пайдо накард, ки бо Бег Сабур қудо шуд. Рӯзноманигор фикр намекард, ки суҳбат сабт мешавад, вале он барои сиёҳ кардани номи ӯ дар "боло" истифода шуд ва роҳро барои боздошташ ҳамвор кард," – гуфт як ҳамсуҳбати огоҳи Радиои Озодӣ. Ба далели амниятӣ номаш навишта намешавад.
Вақте мошини раиси ҲХДТ-ро дар Кӯлоб тарконданд…
Моҳи январи соли 2024 мошини хидматии Салим Сайвализода, раиси Ҳизби халқии демократиро дар Кӯлоб тарконданд. Мақомот ҳодисаро "террористӣ" номиданд. Дар пасманзари ин ҳодиса, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон фармони барканории мақомоти қудратиро дар Хатлон содир намуд.
"Боз дар ҳузури раиси вилоят ҷаласа баргузор ва мушкилҳои асосӣ баррасӣ шуд. Дар онҷо гуфта шуд, ки дар вилоят ҷавонони зиёд ифротгаро мешаванд ва истифодаи амфетамин афзудааст. Бовар мекунед, дар баробари чанд мушкили асосӣ, Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳри Кӯлоб, Аҳмади Иброҳимро мушкили рақами як номид. Чанд мансабдори дигар ҳам дастгирӣ карданд, аз ҷумла раиси вилоят," -- гуфт шахсе, ки дар ин ҷаласа ҳузур дошт.
Пас аз ин, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иҷозатномаи ҳафтаномаи "Пайк"-ро тамдид накард, вале дар суҳбати шифоҳӣ ба Аҳмади Иброҳим гуфтанд, то ҷавоби расмӣ метавонад нашрияашро чоп кунад.
Дар ин миён, ба иттилои манбаъҳои огоҳи Радиои Озодӣ, як маъмури КДАМ аз мухлисони "ашаддӣ"-и Аҳмади Иброҳим шуд. Номи ӯ ба Радиои Озодӣ маълум аст.
"Тақрибан ҳар рӯз ба ҷойи кори Аҳмади Иброҳим омада, ӯро ситоиш мекард. Таҳрик медод, ки зидди мухолифон мақола нависад, ҳомии ватану миллат ва ҳамчун тарафдори асили президент меномид. Як рӯз омада, мегӯяд, агар ба Душанбе равад, ҳатман масъалаи иҷозатномаи "Пайк"-ро ҳал мекунад. Аҳмади Иброҳим мепурсад, чаро ҳоло намеравад? Ӯ мегӯяд, маош гирад, баъд. Аҳмади Иброҳим мегӯяд, роҳкиро ва пули иҷозтаномаро медиҳад. Вақти додани пул ӯро боздошт карданд," -- гуфт яке аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, ки бо сабаби хатар доштан намехоҳад исмаш зикр шавад.
Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳри Кӯлоб, расман ин мавзуъро шаҳр намедиҳад ва то ин дам ба зангҳои Радиои Озодӣ низ посух надод. Вале ӯ дар як сабти садо, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, дар ҷаласае тасдиқ кардааст, ки боздошту зиндонӣ кардани Аҳмади Иброҳим кори дасти ӯст.
Аҳмади Иброҳим низ дар номае қабл аз эълони ҳукми додгоҳ боздошташро кори дасти "як раис ва ду корманди мақомот" номида, вале аз касе ном нагирифт.
"Мақомот ба по хестанд"
"Пешниҳоди пора", айбе, ки дар ибтидо Аҳмади Иброҳимро бо он боздошт карданд, ҷазои сахт надошт. Аз ҷарима то панҷ сол зиндон пешбинӣ мекард. Аз ин рӯ, ба гуфтаи наздикони Аҳмади Иброҳим, мақомот дар Кӯлоб "ба по хестанд", то айбҳои дигаре аз Аҳмади Иброҳим пайдо кунанд.
Бастаи нашрияву китобҳояшро мусодира карданд, хонаву ҷойи корашро кофтанд. Коршиноси Кумитаи дин моҳи октябр, пас аз ду моҳи боздошт, хулоса додааст, ки Аҳмади Иброҳим дар ҳашт мақолааш аз ҳарфу ҳиҷое истифода кардааст, ки онҳоро пайравони равияи мамнӯи "Салафия" истифода мекунанд.
Маълум нест, ки коршинос дақиқан чиро дар назар дорад, вале Аҳмади Иброҳим дар як номааш ба Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва писари президенти Тоҷикистон, гуфтааст, ҳеч гоҳ ифротгаро набуд, балки умре зидди ифротгароён мубориза кардааст.
Баъдан, тавре дар мактуби Аҳмади Иброҳим низ омадааст, амалиёти бонкии ӯро аз тариқи "Душанбе Сити Бонк" таҳқиқ кардаанд. Бештар аз сад нафаре, ки ба суратҳисоби Аҳмади Иброҳим пул гузаронда буданд, аз ҷумла мансабдорон, ба бозпурсӣ даъват шудаанд.
Тавре Аҳмади Иброҳим ва пештар чанд мансабдор гуфтанд, пулро барои обуна ба нашрия ва хариди китоб ба суратҳисоби рӯзноманигор интиқол додаанд. Дар додгоҳ низ онҳо алайҳи Аҳмади Иброҳим шоҳидӣ надоданд, вале мақомот ӯро бар асоси ин модда низ гунаҳкор эълон карданд.
Як нафари наздик ба тафтишот бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "тамаъҷӯии журналист бе шоҳидӣ додани мансабдорон низ исбот шуд, чун ӯ тариқи СМС ба чанде онҳо навиштааст, ки "пулро кай мегузаронӣ?". Инро тафтишот тамаъҷӯӣ арзёбӣ кард."
Ҳарос дар миёни ҷонибдорони ҳукумат
Бо ин вуҷуд, дӯстони Аҳмади Иброҳим мегӯянд, мақомот дар гузашта низ рӯзноманигорро хуш надоштанд, вале ин бор вазъ дигар буд. Ба гуфтаи онҳо, ӯ ҳамчун як пуштибони сарсахти ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон маъруф буд, вале сарнавишти ӯ нишон медиҳад, ки ҳукумат ҳатто нисбат ба шахсоне, ки бо он ҳамфикр ҳастанд ва ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд, раҳм намекунад. Ин тарсро дар миёни ҳатто ҷонибдорони ҳукумат низ бештар кардааст.
Зафари Сӯфӣ, рӯзноманигори тоҷики муқими Аврупо, мегӯяд, дар умум "режимҳои худкома аз андешаи озод ва озодии баён меҳаросанд ва ба афроде, ки метавонанд назарашонро озод бигӯянд, нафрат доранд."
"Аз ин дидгоҳ, ҳеч рӯзноманигоре, ки мисли Аҳмади Иброҳим дар мавридҳои гуногун ошкоро назарашро баён мекунад, барои ҳукумат худӣ шуда наметавонад. Аз рӯи самимият, аз дилсӯзӣ, аз назари ватанхоҳӣ ва миллатдӯстӣ ҳам ҳарфе нивишта ё гуфта бошад, мақомот онро бадхоҳӣ ва нафратпароканӣ медонанд. Ин моҳияти режим аст. Чун бақои худашро дар тарс додани мардум, дар саркӯб мебинад, рӯзноманигорони дилсӯз ва миллатдӯстро боздошту зиндонӣ мекунад, то дигарон битарсанд ва сокит бошанд," -- гуфт Зафари Сӯфӣ.
Исфандиёри Одина, хабарнигори пешини Би-би-сӣ, дар вокуниш ба зиндонӣ шудани Аҳмади Иброҳим навишт, ки "режимҳои диктотурӣ башиддат аз матбуоти озод ва рӯзноманигорон ҳарос доранд. Онҳо намехоҳанд, ки фаъолиятҳои фасодомезашон ифшо ва дар баробари чашми мардум русво шаванд."
"Аз навиштани "барқ нест" метарсанд"
Диана Акрамова, коршиноси масоили рӯзноманигорӣ ва мудири созмони "Правовой медиа-центр" дар Қазоқистон мегӯяд, вазъ дар ду соли охир барои рӯзноманигорон дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин шудааст.
"Ин бозгӯйи тарси ҳукуматҳост, ки барои ҳифзи қудраташон рӯзноманигоронро зиндонӣ мекунанд. Мо мебинем, тамоюл шудааст, ки рӯзноманигоронро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо баҳонаҳои гуногун зери фишор қарор медиҳанд ва боздошту зиндонӣ мекунанд," -- гуфт ӯ.
Диана Акрамова афзуд, пас аз ҷанг дар Ғазза ва Украина, ки журналистҳои зиёде кушта шуданд, ҳарфи созмонҳои рӯзноманигорӣ ҳам як андоза бетаъсир шуданд.
Ӯ гуфт, саркуби рӯзноманигорон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ боис ба афзоиши хабарҳои носанҷида ва овоза хоҳанд шуд, ки ба ҳеч сурат ба нафъи на ҷомеа ва на ҳукуматҳо хоҳад буд.
Дар Тоҷикистон низ пас аз боздошти Аҳмади Иброҳим тарси рӯзноманигорон бештар шудааст. Яке аз рӯзноманигорон, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт, ҳоло дар Тоҷикистон шабу рӯз барқ бо маҳдуд дастрас мешавад, вале рӯзноманигорон аз навиштани "барқ нест" меҳаросанд.
"Таваққӯи ҳукумат аз рӯзноманигору нависанда хамин аст, ки ё таъриф кунад ё хомӯш бимонад. Агар пештар рӯзноманигороне ҳабс мешуданд, ки назари мухолиф доштанд, ҳоло ба ҷонибдорони ҳукумат ҳам раҳм карда намешавад. Ҳама медонанд, ки Аҳмади Иброҳим як шахси содиқ ба ҳукумат буд ва аз сиёсатҳои ҳукумат тамҷид мекард. Аммо кадом амалаш ба мансабдори музофотие хуш наомад ва маҳкум ба 10 сол зиндон шуд," -- гуфт ӯ.
Дар ду соли охир дар Тоҷикистон тақрибан даҳ рӯзноманигору блогер ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Созмонҳои рӯзноманигорӣ Тоҷикистонро як кишвари саркубгари озодии баён медонанд.