Рӯзи 28 феврал дар Кохи Сафед ду раҳбар бо ҳам гуфтумонҳои бисёр тезутунде доштанд ва раҳбари Амрико Зеленскийро дар беэҳтиромӣ муттаҳам кард ва гуфт, “вақте барои созиши сулҳ омода шуд, метавонад баргардад”.
Зеленский, ки рӯзҳои истироҳат дар Лондон бо мақомоти аврупоӣ мулоқот кардаву метавонад ба мизбонии гармтаре умед бандад, рӯзи ҷумъа Кохи Сафедро бидуни имзои созиши муҳим дар заминаи конҳои маъдан тарк кард. Қарор буд, дар Кохи Сафед бо Трамп нахуст созишнома имзо шавад ва дар паи он ду раҳбар ба саволҳои журналистон посух диҳанд.
Марко Рубио, котиби давлатии ИМА гуфт, ки Зеленский бояд барои ҷаласаи Кохи Сафедро ба “нокомӣ” оварданаш узрхоҳӣ кунад. Ӯ дар сӯҳбат бо CNN гуфт, ки “ӯ бояд барои беҳуда сарф кардани вақти мо барои баррасии хатми ҷанг маъзарат хоҳад”. Пеш аз ин дар сӯҳбат бо Fox News Зеленский гуфт, сабабе барои узрхоҳӣ намебинад.
Таҳаввулоти ногаҳонӣ акнун маълум нест дар равобити Украина ва ИМА чӣ таъсире хоҳад гузошт, чун Киев дар хатми ҷангу кафолатҳои амниятӣ алайҳи Русия ба пуштибонии Вашингтон ниёз дорад.
Трамп баъди мулоқот дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт, “Мо имрӯз дар Кохи Сафед як мулоқоти бисёр пурмазмуне доштем”. “Ҷолиб аст, ки эҳсосот чиҳоро ошкор мекунад, чун ман дарк кардам, ки президент Зеленский барои сулҳ бо дахолати Амрико омода нест, чунки фикр мекунад, ки дахолати мо дар музокираҳо барои ӯ як бартарие медиҳад”. Трамп афзуд: “Ман бартарӣ не, СУЛҲ мехоҳам. Ӯ дар ин утоқи бисёр боҳашамат ба ИМА беэҳтиромӣ нишон дод. Ҳар вақте барои сулҳ омода шуд, метавонад баргардад”.
Зеленский дар сӯҳбат бо Fox News гуфт, ки бидуни кӯмаки ИМА ба Украина муқовимат кардан ба фишорҳои низомии Кремлин душвор хоҳад буд, вале Украина бидуни кафолатҳои амниятӣ дар муқобили ҳуҷумҳои навбатии Русия ба Маскав вориди музокира намешавад.
Ӯ гуфт: “Украина хоҳони сулҳ аст ва мо ба сулҳ даст меёбем”, вале, гуфт ӯ, “ин бояд сулҳи ҳамзамон ва пойдор бошад” ва “мо бояд барои муколама дар мавқеи қавие қарор бигирем”.
Трамп пеш аз рафтан ба Флорида ба хабарнигорон гуфт, ки Зеленский мисли нафаре ба назар намерасад, ки хоҳони сулҳ бошад ва дар мулоқоти Кохи Сафед “аз ҳад гузашт”.
“Ман оташбаси билофосила мехоҳам”, гуфт Трамп. “Ӯ мехоҳад ҳамингуна идома кунад ва биҷангад, биҷангад ва биҷангад”.
Дар ҷараёни мулоқот Зеленский ба ӯҳдадориҳои ИМА пойфишорӣ кард ва гуфт, ки “бо як қотил намешавад созиш кард”. Ин ишора ба президенти Русия Владимир Путин аст, чун Трамп гуфтааст, Украина бояд ба гузашт омода шавад ва Киев бояд барои кӯмакҳои ИМА миннатдор бошад.
Баъди он ки Трампу Зеленский дасти ҳамдигарро фишурданд, бо чеҳраҳои сарде дар муқобили дурбинҳои телевизионии матбуот қарор гирифтанд. Дар пай чун давоми баҳси фосилавии ҳафтаи пешашон раддубадалҳои наве бо садоҳои то рафт баландтар шурӯъ шуд. Трамп ҳафтаи гузашта Зеленскийро “диктатори бе интихобот” номида буд.
“Рафтори шумо носипосона аст. Ин кори хуб нест”, гуфт Трамп, ки аз замони интихоб шудани Зеленский дар соли 2019 бо ӯ робитаҳои хубе надорад. “Чунин кор бурдан осон нахоҳад буд”, гуфт ӯ. Трамп гуфт: “Шумо бо зиндагии миллионҳо мардум бозӣ мекунед”, “шумо бо Ҷанги Сеюми Ҷаҳон бозӣ мекунед ва муносибати шумо ба ин кишвар беэҳтиромона аст, чун шуморо беш аз он ки зарур буд, кӯмак кардааст”.
Дар навори видеоӣ аз утоқи кории Трамп дар Кохи Сафед дида мешавад, ки чӣ гуна Зеленский ва Трамп беист ва баробари ҳам гап мезананд. Трамп ба меҳмонаш гуфт: “Кишвари шумо дар як фалокати калон қарор дорад. Шумо пешрафт надоред. Шумо ҳеҷ шонсе надоред, ки аз ин ҳолат хуб раҳо шавед. Шумо чизе (барои муомила) надоред”.
Мулоқоти Трамп ва Зеленский аз назари ин муҳим буд, ки оё Украина метавонад ба идомаи кӯмакҳои Амрико умедвор шавад, вале ҳамакнун ин масъала беҷавоб мемонад.
Ду ҷониб қарор буд, ки чаҳорчӯби созишномаи дастрасии ИМА ба конҳои маъдани Украинаро имзо мекарданд. Ин тарҳи сеюм мебошад, чун ҷонибҳо сари ҳаҷми созиш ва набуди кафолатҳои мушаххаси амниятӣ барои Украина баҳс доштанд.
Пеш аз задухӯрди лафзии Трампу Зеленский, раҳбари Украина ба хабарнигорон гуфт, ки созиши конҳои маъдан қадаме ба пеш хоҳад шуд ва Киев мехоҳад бо маъмурияти Трамп ҷузъиёти бештарро баррасӣ кунад, ки ИМА барои онҳо чӣ карда метавонад.
Трамп гуфт, ки тафовуқнома бо Киев “бисёр одилона” хоҳад буд ва замони дастёбӣ ба созиш бо Русия хеле наздик омадааст. Ӯ гуфт, ки Киев бояд ба гузаштҳо омода шавад.
Инчунин ӯ бо қонунгузорони муҳим, рӯҳониёни таъсиргузор ва созмонҳои таҳлилии ҳамкор бо ҳизби ҷумҳурихоҳ ҳам дар тамос буд.
Гуфтугӯ