Вақте президенти Русия Владимир Путин соли 2024-ро “Соли оила” эълон кард, вакилону мақомот зери фишор монданд, то барои иҷрои барномаву дастуру фармонҳои ин сол ташаббусҳои бештар нишон диҳанд. Корашон ба қавле “бебарор” ва маъюскунанда набуд.
Қатар ва Иёлоти Муттаҳида рӯзи 15-уми январ эълон карданд, ки баъд аз 467 рӯз ҷанг, Исроил ва гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" (Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд) бо созиши оташбас дар Ғазза ва озодии гаравгонҳо мувофиқат карданд.
Артиши Украина бо тамоми тавон талош дорад, ҷилави пешравии низомиёни русро бигирад. Ҷо Байден, президенти Амрико, ки ба зудӣ ҷояшро ба Доналд Трамп медиҳад, дар охирин рӯзҳои кораш бастаи нави кумакҳоро ба Украина имзо кард.
Тибқи иттилои расонаҳои байналмилалӣ, Исроил ва гурӯҳи "Ҳамос" дар остонаи созиши оташбас қарор доранд.
Бо гузашти як моҳ аз суқути ҳукумати Башор Асад, вазири корҳои хориҷии Фаронса гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо дар пайи бардоштани баъзе таҳримҳо ба зидди Сурия аст.
Ҳокимони тундрави Толибон дар Афғонистон аз иштирок дар конфронси байналмилалӣ оид ба таълими духтарон дар ҷаҳони Ислом худдорӣ карданд.
Парлумон ё Сейми Латвия - як кишвари воқеъ дар соҳилҳои Балтика, мехоҳад дар қонунҳо “Дар бораи муҳоҷират” ва “Дар бораи сарҳади давлатӣ” талаботи нав ворид кунад, ки мақсадаш пешгирӣ аз ворид шудани шахсони табаҳкор ё ҷосусони Русия мебошад.
Иёлоти Муттаҳида "Газпромнефт" ва "Сургутнефтегаз", ду ширкати азими нафтии Русияро таҳрим кард. Ин қарор, ки рӯзи 10-уми январ нашр шуд, зиёда аз 20 корхонаи тобеи онҳо, аз ҷумла “Газмронефт” дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро бар мегирад.
Довуд Шайхон, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии исломӣ гуфтааст, ки ҳамлаҳои ҳавои Исроил ба Эрон дар рӯзи 26-уми октябри соли гузашта ба ин кишвар "хисороти ҷузъӣ" ворид кард.
Сӯхтор дар як маҳаллаи сарватмандон дар шаҳри Лос-Анҷелес чанд ситораи ҳунару телевизиони Амрикоро аз хонаҳояшон маҳрум кард.
Хабарнигори итолиёӣ Чечилиа Соло, ки тахминан се ҳафта аз ҷониби полиси Теҳрон боздошт шуда буд, озод гардида, ба шаҳри Рум баргашт. Соло дар зиндони Эвини Теҳрон нигаҳ дошта мешуд.
Сӯхтор дар як маҳаллаи сарватмандон дар Лос Анҷелес хонаҳоро вайрон карда, сабаби танбашавии зиёд дар роҳҳо гардид.
Ёфтҳои бештар