Раҳбарони шиа ва суннӣ дар минтақаи шимол-ғарби Покистон, ба созиши "сулҳи доимӣ" барои поён додан ба даргириҳои хунини се моҳи гузашта даст ёфтанд.
Дар Амрико таҳқиқи ҳамлаи террористие идома дорад, ки дар натиҷаи он 15 нафар кушта ва 30 тани дигар маҷруҳ шуданд. Пулис гуфт, ҳамлавар Шамсуддин Ҷаббор сарбози собиқ аст.
Суқути ҳукумати Башор Асад ва тағйири қудрат дар Сурия яке аз таҳаввулоти муҳими байнулмилалӣ дар соли 2024 буд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфт, қатъи интиқоли гази табиӣ ба Аврупо аз тариқи хати лӯлае, ки аз Украина мегузарад, шикасти калоне барои Владимир Путин, президенти Русия, аст.
Дар як даҳаи гузашта кишварҳои аврупоӣ беш аз як миллион паноҳҷӯро аз Сурия ба қаламрави худ роҳ ва ҷой доданд. Бо суқути режими Башор Асад, баъзе аз онҳо қабули дархости паноҳандагиро манъ кардаанд. Агарчӣ тағйири ҳукумат баъзе аз паноҳҷӯёнро хурсанд кардааст, иддае дигар аз ояндаи хеш нигаронанд.
Поёни фоҷеабори ҳукумати нимасраи Башор Асад ва падараш, ба маънои тағйири бузурге дар тавозуни қудрат дар минтақа аст. Туркия ба унвони як пуштибони умдаи гурӯҳе аз мухолифон ва ҷиҳодиёне, ки Башор Асадро барканор карданд, бурд кард.
Ҷимми Картер, раисҷумҳури 39-уми Амрико ва барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, рӯзи 29-уми декабр дар 100-солагӣ дар аёлати Ҷорҷия даргузашт.
Субҳонқул Раҳимов, зодаи Тоҷикистон ва мусофири ҳавопаймои суқуткардаи озарӣ мегӯяд, ҳангоми наздик шудани ҳавопаймо ба шаҳри Грозний дар Чеченистон як садои баланди таркишро шунидааст.
Қарор аст, мутахассисони Қазоқистон рӯзи 27-уми декабр барои таҳқиқ ба маҳалли суқути ҳавопаймое раванд, ки рӯзи 25-уми декабр дар шаҳри Оқтау суқут кард. 38 нафар ҷон бохт. Айни замон гумонзанӣ зиёдтар мешавад, ки мумкин аст, ҳавопайморо тасодуфан системаи дифоии мушакии Русия зада бошад.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мегӯяд, Исроил бо қатъи дастрасии фаластиниҳо ба оби пок дар Ғазза боиси марги ҳазорҳо нафар шудааст ва ин кор баробар ба наслкушӣ мебошад. Исроил иттиҳомро рад кардааст. Айни ҳол аксари беҷошудагони Ғазза дар ин сардиҳо ночор дар хайма зиндагӣ мекунанд.
Додгоҳе дар Маскав Аҳмадҷон Қурбонови 29-сола, шаҳрванди Узбекистонро ба даст доштан дар куштори генерал Игор Кириллов муттаҳам кард.
Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико, гуфт, Украина ва Русия мебояд "барои бастани созиш омода бошанд", то ба ҷанги вайронгаре, ки аз соли 2022 идома дорад, поён бидиҳанд.
Ёфтҳои бештар