Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чечилиа Соло баъди раҳоӣ аз зиндони Эрон ба Итолиё баргашт


Чечилиа Соло
Чечилиа Соло

Хабарнигори итолиёӣ Чечилиа Соло, ки тахминан се ҳафта аз ҷониби полиси Теҳрон боздошт шуда буд, озод гардида, ба шаҳри Рум баргашт. Соло дар зиндони Эвини Теҳрон нигаҳ дошта мешуд.

Хабарнигори 29-соларо дар фурудгоҳи Чампинои Рум дар баробари наздиконаш, инчунин, нахуствазири Итолиё Ҷорҷиа Мелонӣ, вазири корҳои хориҷӣ Антонио Таяни ва шаҳрдори Рум Роберто Гуалтйери пешвоз гирифтанд.

Мелонӣ хабарнигорро “як шахси ҷасур” номид ва ҷудогона бо ӯ суҳбати кӯтоҳ анҷом дод.

Чечилиа Соло рӯзи 19-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Теҳрон боздошт шуд, вале полиси Эрон як ҳафта хабари боздошту шароити будубоши ӯро пинҳон дошт.

Нахуствазири Итолиё Ҷорҷиа Мелони барои кумак дар раҳоии Соло аз ҳамкоронаш дар сохторҳои дипломатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ташаккур кард.

Дар ҳоле ки сабаби дақиқи боздошти Соло гуфта нашуд, подкасти охирини нашркардааш аз Теҳрон рӯзи 17-уми декабр дар бораи мардсолорӣ дар ҷомеаи Эрон нақл мекард.

Се рӯз пеш аз ҳабси Соло як соҳибкори эронию швейтсарӣ Муҳаммад Обиддини дар шаҳри Милани Итолиё боздошт шуд. Амрико ӯро барои ширкати эҳтимолиаш дар ҳамлаи маргбори паҳпод болои пойгоҳи Урдун гумонбар медонад. Эрон боздошти Обиддинро “ғайриқонунӣ” номида, сафири Итолиёро дар Теҳрон аз эҳзор кард.

Амрико боздошти Солоро амали “интиқомҷӯёна” номид ва созмонҳои байнулмилалии Гузоришгарони бидуни марз ва Федератсияи байнулмилалии хабарнигорон онро “худсарӣ” ва “тамаъҷӯӣ” номиданд.

Дар Эрон бисёр мавридҳои боздошт ва ҳабси хабарнигорони дорои душаҳрвандӣ бо иттиҳомҳои сохта ва бо ҳадафи фишор ба кишварҳои ғарбӣ сурат мегирад.

Яке аз қазияҳои охирин қазияи Ризо Вализода, хабарнигори собиқи Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ аст. Ӯро моҳи декабр барои “ҳамкорӣ бо кишвари душман” ба 10 сол зиндон маҳкум карданд.

Вализода соли 2022 корро дар Радиои Фардо бас карда, дар оғози соли 2024 барои дидани хонаводааш ба Эрон рафт, вале боздошт шуд.

Манбаъҳои наздик ба Вализода бозгашти ӯро ба Эрон “як доми амниятӣ” номиданд. Онҳо гуфтанд, намояндагони амният пеш қаблан ба ӯ замонат дода буданд, ки бозгашташ ба Эрон бехатар хоҳад буд.

Эрон, ки дар Шохиси озодии матбуот соли 2024 дар ҷои 176-ум қарор гирифт, яке аз ноамнтарин маконҳои кор барои рӯзноманигорон дар ҷаҳон дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG