Бо гузашти як моҳ аз суқути ҳукумати Башор Асад, вазири корҳои хориҷии Фаронса гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо дар пайи бардоштани баъзе таҳримҳо ба зидди Сурия аст.
Ҳокимони тундрави Толибон дар Афғонистон аз иштирок дар конфронси байналмилалӣ оид ба таълими духтарон дар ҷаҳони Ислом худдорӣ карданд.
Парлумон ё Сейми Латвия - як кишвари воқеъ дар соҳилҳои Балтика, мехоҳад дар қонунҳо “Дар бораи муҳоҷират” ва “Дар бораи сарҳади давлатӣ” талаботи нав ворид кунад, ки мақсадаш пешгирӣ аз ворид шудани шахсони табаҳкор ё ҷосусони Русия мебошад.
Иёлоти Муттаҳида "Газпромнефт" ва "Сургутнефтегаз", ду ширкати азими нафтии Русияро таҳрим кард. Ин қарор, ки рӯзи 10-уми январ нашр шуд, зиёда аз 20 корхонаи тобеи онҳо, аз ҷумла “Газмронефт” дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро бар мегирад.
Довуд Шайхон, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии исломӣ гуфтааст, ки ҳамлаҳои ҳавои Исроил ба Эрон дар рӯзи 26-уми октябри соли гузашта ба ин кишвар "хисороти ҷузъӣ" ворид кард.
Сӯхтор дар як маҳаллаи сарватмандон дар шаҳри Лос-Анҷелес чанд ситораи ҳунару телевизиони Амрикоро аз хонаҳояшон маҳрум кард.
Хабарнигори итолиёӣ Чечилиа Соло, ки тахминан се ҳафта аз ҷониби полиси Теҳрон боздошт шуда буд, озод гардида, ба шаҳри Рум баргашт. Соло дар зиндони Эвини Теҳрон нигаҳ дошта мешуд.
Сӯхтор дар як маҳаллаи сарватмандон дар Лос Анҷелес хонаҳоро вайрон карда, сабаби танбашавии зиёд дар роҳҳо гардид.
Доналд Трамп, президенти мунтахаби Амрико, гуфт, майл дорад, ки гуфтугӯҳо бо Русия барои поён додан ба ҷанги Украина пас аз ворид шудани ӯ ба Кохи Сафед билофосила оғоз шавад.
Додгоҳе дар аёлати Калифорнияи Амрико ширкати Apple-ро вазифадор кард, ки ба даҳҳо миллион муштарӣ дар умум 95 миллион доллар бипардозад.
Субҳи 7-уми январ зилзилаи шадиде минтақаи Тибет дар Чин ва ҳамчунин қисматҳое аз Непал, Бутан ва Ҳиндро такон дод ва боиси ҳалокати даҳҳо нафар шуд.
Коркарди конҳои саршор аз нафти Қазоқистон, ки интизор мерафт зиндагии миллионҳо сокини камбизоати ин кишварро беҳтар кунад, танҳо як гурӯҳи хурдро сарватманду соҳибқудрат намуд. Мардуми деҳаҳои наздик ба корхонаҳои нафт мегӯянд, ин захираҳо барояшон фақат дарду ранҷ ва талафот овард.
Ёфтҳои бештар