Нахуствазир ва вазири корҳои хориҷии Қатар Муҳаммад Бин Абдураҳмон Оли Сонӣ хабар дод, ки оташбас аз рӯзи якшанбеи 19-уми январ, оғоз мешавад.
Бо ин созиш, ҷанги 15-моҳа ва вайронгар дар Ғазза поён меёбад ва эҳтимолан поёне бар маргбортарин даргирӣ миёни Исроил ва гурӯҳи "Ҳамос" хоҳад буд.
Ба гуфтаи нахуствазири Қатар, 33 гаравгони исроилӣ дар марҳилаи аввали созиш, ки метавонад ба як "оташбаси доимӣ" табдил шавад", озод хоҳанд шуд.
Муҳаммад Бин Абдураҳмон Оли Сонӣ афзуд, "ду тарафи даргир дар Навори Ғазза бар сари табодули зиндониён ва гаравгонҳо ба созиш расидаанд ва (миёнҷиҳои музокирот) оташбасро эълон кардаанд, бо ин умед, ки оташбаси доимӣ миёни ду тараф барқарор шавад".
Нахуствазири Қатар дар идома гуфт, "умедворем, ки ин созиш поёне бар ҷанг бошад ва ҳамаи тарафҳо ба иҷрои он пойбанд бошанд".
"САХТТАРИН" МУЗОКИРОТ
Ҳамзамон, Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико низ бо эълони хабари созиши оташбас дар Ғазза, гуфтугӯҳо дар ин бораро яке аз "сахттарин" музокироти давраи президентии худ хонд ва гуфт, ки "бисёр хушнуд аст, ки ин рӯз фаро расид".
Дафтари нахуствазири Исроил чанд дақиқа қабл аз ин изҳорот гуфта буд, ки ҳанӯз ҷузъиёт ниҳоии созиш боқӣ мондааст ва ба кори бештар ниёз дорад.
"Байнияи расмии Бенямин Нетаняҳу, нахуствазир, танҳо пас аз такмили ҷузъиёти ниҳоии созиш, ки дар ҳоли ҳозир рӯи он кор мешавад, содир хоҳад шуд".
Хабаргузори "Франс-пресс" ба нақл аз як манбаи огоҳ навиштааст, "созиши оташбас дар Ғазза ва озодии гаравгонҳо, пас аз дидори нахуствазири Қатар бо музокиракунандагони "Ҳамос" ва аз сӯи дигар, бо музокиракунандагони исроилӣ дар дафтараш ҳосил шуд".
Матни ин тавофуқнома бо миёнаравии Қатар, Миср ва Амрико таҳия шуда ва намояндагоне аз ҳар ду давлати феълӣ ва баъдии ИМА дар гуфтугӯҳои Давҳа, ҳузур доштанд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико низ рӯзи чаҳоршанбе дар паёме навишт, ки созиш ҳосил шуд ва тибқи он, қарор аст гаравгонҳои исроилӣ озод шаванд.
Ин созиш, ки пас аз ҳафтаҳо музокироти сахт дар пойтахти Қатар ба даст омад, озодии даҳҳо гаравгон аз дасти "Ҳамос"-ро дар чанд марҳила дар назар дорад ва ҳамчунин шомили озодии садҳо зиндонии фаластинӣ дар Исроил, хоҳад буд.
НУҚТАҲОИ АСОСИИ СОЗИШ
Бар асоси ин созиш, ҷанг ба муддати шаш ҳафта ё 42 рӯз қатъ хоҳад шуд ва дар ин муддат музокироте барои поёни комили ҷанг оғоз мешавад. Ҳамчунин қарор аст 33 нафар аз ҳудуди 100 гаравгони дар асорати "Ҳамос", озод шаванд, ҳарчанд ҳанӯз маълум нест, ки оё ҳамаи гаравгонҳо зинда ҳастанд ё не. Зеро "Ҳамос" дар гузашта гуфта буд, ки шуморе аз гаравгонҳо дар пайи ҳамлаҳои Исроил кушта шудаанд.
Ин созиш шомили бозгашти он фаластиниёне мешавад, ки бар асари ин ҷанг овора шуданд. Аммо замон дақиқ ва шумори оворагон мушаххас нест. Бар асоси ин созиш, ворид шудани кӯмакҳои башардӯстона ба Ғаззаи вайроншуда осон мешавад.
БӮҲРОНИ МИНТАҚАӢ
Ҷанги навбатӣ миёни Исроил ва фаластиниҳо рӯзи 7-уми октябри соли 2023 оғоз шуд. Пас аз ҳамлаи "Ҳамос", ки боиси кушта шудани 1200 исроилӣ ва гаравгонгирии 250 тани дигар шуд, Исроил ба Ғазза юриш бурд.
Ба гуфтаи мақомоти Ғазза, дар ин ҷанг беш аз 46 ҳазор нафар фаластинӣ кушта ва 90 дарсади маҳолии ин минтақа овора шудаанд. Аксари кушташудаҳои ҷониби фаластинӣ занон ва кӯдакон мебошанд.
Созиши рӯзи чаҳоршанбе аввалин нишонаи умедворкунанда барои поёни ин ҷанги вайронгар аст, ки Ховари Миёнаро бесубот карда ва буҳрони бузурге дар Ғазза ба вуҷуд овард.
Давоми ин ҷанг, тарафҳои дигар, аз ҷумла, "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, "Ансоруллоҳ"-и Яман, гурӯҳҳои ниманизомии "Ҳашд Аш-Шаъбӣ" дар Ироқ ва низ Ҷумҳурии исломии Эрон вориди ин муноқиша шуданд ва алайҳи Исроил ҳамлаҳои заминӣ ва ҳавоӣ анҷом доданд. Шуморе аз кишварҳои ғарбӣ дар ин ҷанг аз Исроил пуштибонӣ карданд
"Ҳамос" хостори замонатҳое барои поёни доимии ҷанг ва хуруҷи комили ҳамаи нерӯҳои Исроил аз Ғазза буд. Аз сӯи дигар, Исроил борҳо эълон кардааст, ки ҷангро то нобудии тавоноиҳои низомӣ ва ҳукумати "Ҳамос" бас нахоҳад кард.
Тарафҳои гуногун моҳҳо машғули гуфтугӯҳои пароканда буданд, аммо бо таваҷҷуҳ ба маҳдуд будани замони президентии Ҷо Байден ва дар остонаи оғози раёсати ҷумҳури Доналд Трамп, ҳар ду тараф таҳти фишори шадид барои даст ёфтан ба созиш қарор доштанд.
ИТТИҲОМИ ҶИНОЯТИ ҶАНГӢ
Исроил бо интиқодҳои сахти байналмилалӣ, аз ҷумла, аз сӯи наздиктарин муттаҳиди худ, Амрико, бинобар талафоти ғайринизомиён, рӯбарӯ шудааст. Исроил мегӯяд, ки ҳудуди 17 ҳазор ниманизомии "Ҳамос" ва дигар гурӯҳҳои фаластиниро куштааст. Аммо далелҳое барои ин иддаои худ ироа накардааст.
Исроил ҳамчунин "Ҳамос"-ро масъули талафоти ғайринизомиён медонад ва ин гурӯҳро ба истифода аз мактабҳо, бемористон ва минтақаҳои истиқоматӣ барои ҳадафҳои низомӣ муттаҳам кардааст. "Ҳамос" ин изҳороти ҷониби Исроилро ҳамвора рад кардааст.
Додгоҳи байналмилалии Гаага дар ҳоли ҳозир иттиҳомотеро, ки аз сӯи Африқои Ҷанубӣ алайҳи Исроил дар ин замина матраҳ кардааст, баррасӣ мекунад. Ин додгоҳ ҳукми боздошти Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ҳамчунин вазири дифои пешини ин кишвар ва як фармондеҳи "Ҳамос"-ро ба иттиҳоми ҷинояти ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият, содир кардааст.
Нетаняҳу ҳамчунин бо фишори дохилии зиёде барои бозгардонидани гаравгонҳо, рӯбарӯ будааст. Хонаводаҳои гаравгонҳо ба як гурӯҳи лоббии қудратманд табдил шудаанд, ки ҳимояти умумии густурдае доранд ва бо моҳҳо эътирозҳо, хостори даст ёфтани давлат ба созише бо "Ҳамос" шуда буданд.
"Ҳамос", гурӯҳе, ки вуҷуди Исроилро намепазирад, таҳти фишори амалиётҳои низомии Исроил қарор гирифт. Раҳбарони баландпояи "Ҳамос", аз ҷумла, Яҳё Синвор дар ин ҷанг кушта шуданд.
Чандин кишвари арабӣ, аз ҷумла, Лубнон, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Урдун аз созиши оташбас миёни Исроил ва "Ҳамос" истиқбол кардаанд.
Гуфтугӯ