Вақте президенти Русия Владимир Путин соли 2024-ро “Соли оила” эълон кард, вакилону мақомот зери фишор монданд, то барои иҷрои барномаву дастуру фармонҳои ин сол ташаббусҳои бештар нишон диҳанд. Корашон ба қавле “бебарор” ва маъюскунанда набуд.
Дар Русия тарғибот ба зидди исқоти ҷанин зиёд шуд, ба кӯдакон дар мактабҳо дарси нави оиладорӣ омӯзонданд, қоидаҳои ҷудо шудани ҷуфтҳоро сахттар карданд ва ҳамаи инро мубориза барои муҳофизати “арзишҳои суннатии оилавӣ” номиданд.
"Вазъ баъди оғози ҷанг дар Украина бадтар гашт"
Дар Русия, ки коҳиши аҳолӣ ва бӯҳрони демографӣ як даҳсола боз идома дорад, вазъ баъди оғози ҷанг дар Украина бадтар гашт. Талафоти сарбозон дар ҷанг зиёд шуд, ки онро Русия “амалиёти махсуси низомӣ” меномад. Дар нимаи соли 2024 таваллуд ба ҳадде поён омад, ки фақат охири соли 1999 дида шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Русия барои таваллуди ҳар фарзанд ва ё хонаводаҳои серфарзанд имтиёзҳои зиёди молӣ медиҳад.
Соли гузашта имтиёзҳоро зиёдтар карданд ва ҳукумати вилояти Челябинск гуфт, ба модарони аз 24-сола поён кумакпулии зиёд медиҳад. Масалан, ба ҷуфтҳо ва зану шавҳароне, ки донишҷӯ ҳастанд, 1 миллион рубл ва ё 10 ҳазор доллар доданд.
Дар баробари имтиёзу ташвиқ барои таваллуди бештар таҳдиду танбеҳ ҳам буд. Дар даҳҳо вилояти Русия қонуне қабул карданд, ки “исқоти ҷанини маҷбурӣ”-ро манъ мекунад ва агар маълум шавад, ки ягон табиб, ё кордиҳанда зани ҳомиларо маҷбур кардааст, ки аз тифли батнаш даст кашад, 100 000 рубл ва ё 1000 доллар ҷарима мешавад.
Ҳоло, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, вазъ дигар шудааст. Масалан, агар зане барои исқоти ҷанин ба табиб муроҷиат намояд, ба ӯ тавсия медиҳанд, ки ин корро накунад ва ё табибон бо ҳар баҳона амалиётро ба таъхир меандозанд, то имкони таваллуди тифл зиёдтар шавад.
Пешниҳоди “амалиёти махсуси демографӣ”
Мақомоти Русия маъракаҳои таблиғотӣ ба зидди исқоти ҷанинро дар донишгоҳҳову муассисаҳои давлатӣ низ зиёдтар кардаанд. Моҳи ноябри соли 2024 намоиши филме дар синамоҳо шуруъ шуд, ки як телевизиони вобаста ба Калисои Православии Русия офаридааст.
Паёми филм ба бинанда бад будани исқоти ҷанин аст ва паёмро бо намоиши махсуси филм дар донишгоҳу мактабҳо ва муассисаҳои давлатӣ ба гӯши донишҷӯёну кормандони онҳо мерасонанд.
Кор ба ҳадде расид, ки Нина Останина, раиси Кумитаи муҳофизати оила дар Думаи давлатӣ хост, то ба қавли ӯ “амалиёти махсуси демографӣ” анҷом дода шавад. Ҳоло бисёриҳо дар Русия нигаронанд, ки мумкин аст, дар кишвар исқоти ҷанинро манъ кунанд.
Соли 2024 вакилони мардум тарҳи ислоҳшудаи Қонун дар бораи тандурустиро пешниҳод карданд, ки дар он “ҳаққи зиндагӣ пеш аз таваллуд ва баъди таваллуд” пешбинӣ шудааст.
Дар ҷабҳаи дигар Думаи давлатӣ моҳи ноябр қонунеро пазируфт, ки барои тарғиби “бефарзандӣ” ҷазо таъйин кардааст. Бар асоси ин қонун, ҳар созмон ё касе, ки мардумро ба бефарзандӣ ташвиқ ва ҳидоят мекунад, аз 45 000 доллар то ба 4 000 доллар ҷарима мешавад.
Қонуни мазкур шабеҳ ба қонуни соли 2022 аст, ки “тарғиби ЛГБТ”-ро дар Русия манъ кардааст ва ҳадафаш ҳифзи “арзишҳои суннатии оилавӣ” аст. Моҳи марти соли гузашта, Русия “ҳаракати байнулмилалии иҷтимоии ЛГБТ ва сохторҳои онро” ба феҳрасти созмонҳои ифротӣ шомил кард, агарчӣ чунин созмоне дар воқеъ вуҷуд надорад.
Талоқ меафзояд?
Айни замон бо камтар шудани таваллуд дар Русия зоҳиран шумораи талоқҳо меафзояд. Елена Михайлова, мушовири Маркази Таҳқиқоти Афкори Умум дар Русия, ки вобастаи ҳукумат аст, соли 2024 гуфт, бо сабти ҳар 10 издивоҷи нав дар Русия 8 ҷудоӣ ҳам сабт шудааст.
Моҳи сентябри соли 2024 як вакили мардумӣ аз Ҳизби Русияи Воҳид қонунеро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки бар асоси он ба ҳар ҷуфте, ки мехоҳад ҷудо шавад, додгоҳ бояд се моҳ мӯҳлати оштӣ ва гирифтани машваратҳои ҳатмии равонӣ бидиҳад.
Дар сурати қабули қонун, ҷуфтҳои соҳиби фарзанде, ки мехоҳанд, ҷудо шаванд, ё яке аз тарафҳо мухолифи ҷудоӣ аст, бояд “бозомӯзӣ” шаванд. Баъзе аз бахшҳои қонун бахусус аҳволи ҷабрдидагони хушунатҳои хонаводагиро бад мекунад, ки аз соли 2017 дигар барои он ба ҷавобгарии ҷиноӣ намекашанд ва ин зуҳурот дар саросари кишвар фавқуллода зиёд аст.
Бар асоси пажӯҳиши Эътилофи созмонҳои ғайриҳукуматии занон дар Русия, дар солҳои 2022-2023 дар кишвар камаш 2284 зан дар натиҷаи хушунати хонаводагӣ ҷон бохтаанд ва 93 дар сади онҳоро ҳамсаронашон куштаанд.
Чорабиниҳо барои муҳофизати “арзишҳои суннатии оилавӣ” то ба мактабҳои Русия ҳам роҳ ёфтаанд. Аз моҳи сентябри соли 2024 дар мактабҳо фанни нави “Дарси оила”-ро ҳам илова карданд, ки ҳадафи он ба кӯдакон омӯхтани “оила ҳамчун сутуни асосии ҷомеа аст”.
Омор нишон медиҳад, ки русҳо ҳам барои ба нақшагирии оила эҳтиёткоранд. Бар асоси навиштаи “Ведомости”, барои роҳ надодан ба ҳамли нохоста, дар нимаи аввали соли 2024 дар Русия мардум бо арзиши 19 миллиард рубл рифола харидаанд, ки дар 5 соли гузашта мушоҳида нашудааст.
Видеоро дар инҷо бинед: