Бар асоси тарҳи пешниҳодии сохторҳои амниятии Латвия, ки дар борааш 10 январ дафтари матбуоти Сейм хабар дод, шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди ҷомеаи ҳамсуд (СНГ) пеш аз ворид шудан ба ин кишвар бояд дар бораи шахсияти худ, хешовандонашон ва ҳам ҳадафҳои сафар ба ин кишвар маълумоти мушаххас фароҳам кунанд.
Дар тағйироте, ки ворид карда мешавад, бояд шаҳрвандони Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Молдова, Тоҷикистон ва Узбекистон дар сарҳад маълумот дар бораи мақсади сафар, мӯҳлату макони будубош, суроғаи зиндагӣ, самтҳои сафар ва шумораи телефону дигар маълумот барои тамосро фароҳам кунанд.
Шахс инчунин бояд дар бораи ҷои кори худ ва наздиконаш маълумот диҳад. Агар маълумоти фароҳамкардаи ин шахс ғайривоқеӣ ё дурӯғ баромад, ӯро дар ҳаҷми то 2 ҳазор евро ҷарима таҳдид мекунад. Интизор меравад, ки тағйирот ба қонунҳои Латавия аз моҳи сентябр ба иҷро медарояд.
Латвия як узви Иттиҳоди Аврупо ва созишномаи Шенген аст, ки сафари бидуни назорати сарҳадӣ дар қаламрави кишварҳои узвро иҷоза медиҳад. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки солҳои охир бо мақсади муҳоҷирати корӣ ва зиндагӣ ба Латвия мераванд, танҳо бар асоси виза ба ин кишвар ва давлатҳои аврупоӣ ҳақи ворид шуданро доранд.