Додгоҳе дар аёлати Калифорнияи Амрико ширкати Apple-ро вазифадор кард, ки ба даҳҳо миллион муштарӣ дар умум 95 миллион доллар бипардозад.
Додрас барномаи “Siri”, ёвари садоии дастгоҳҳои Apple-ро ба ҷосусӣ ё хабаркашӣ алайҳи корбарон гунаҳкор донист. Ҳукм рӯзи 2-юми январ содир шуд.
Баррасии шикояти муштариён панҷ сол давом кард. Ширкат ҳукмро шарҳ надодааст, вале раҳбари кулли он Тим Кук дар гузашта гуфта буд, ки ҳифзи иттилооти муштариён ва ҳуқуқи инсон аз авлавиятҳои кори онҳост.
Корбарони iPhone, яке аз маҳсулоти сохтаи Apple, гуфтаанд, ки баъди тасодуфан ба кор бурдани “Siri” ҳама суҳбатҳои онҳо сабт шуд. Танҳо баланд гуфтани ибораи “ҳей, Siri” кофист, ки барнома фаъол гардад.
Дар аризаи дастҷамъии шикоятӣ омадааст, ки сабти гуфтаҳои онҳо ба тарафи сеюм фиристода шудааст. Ду нафарашон, масалан, гуфтаанд, ки баъд аз иштибоҳӣ фаъол шудани “Siri” ва дар суҳбат ёд шудани номи ширкати пойафзолфурӯшии “Air Jordan Sneakers”, аз ин ширкат таблиғоти беҳудае гирифтанд.
Дигаре навиштааст, ки баъди суҳбат бо духтур ба телефонаш дар бораи амалиёти ҷарроҳӣ пешниҳодҳои таблиғотӣ омад.
Apple бояд ба ҳар як шикояткунанда, ки дорои iPhone, Apple Watch ва дастгоҳҳои дигар мебошад, 20-долларӣ ҷарима диҳад. Худи ширкат гуфтааст, кори баде накардааст, вале аз шарҳи қазия худдорӣ намуд.
95 миллион доллар бо даромади 9-соатаи ширкати Apple баробар будааст. Даромади холиси ин ширкат дар соли 2024-ум 94 миллиард долларро ташкил дод.
Аризаи ба ин монанди шикоятӣ алайҳи ёвари садоии ширкати Google ҳам дар як додгоҳи Калифорния баррасӣ мешавад.
Видеоро дар инҷо бинед: