Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори зиндонӣ, барои бозбинии ҳукмаш ба зинаи болоии додгоҳ шикоят накардааст. Додгоҳи шаҳри Кӯлоб дар моҳи январ ӯро бо гуноҳи “пешниҳоди ришва”, “тамаҷӯъӣ” ва “ифротгароӣ” ба 10 солу чор моҳ зиндон маҳкум кард. Дар Додгоҳ гуфтанд, ки барои шикоят ним моҳ фурсат дошт.