Тасмими барчидани панҷараҳои оҳанин аз тирезаҳои биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе баъзе аз сокинонро нигарон кардааст.
Зебуннисо Давлатшоева, яке аз сокинони пойтахт, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба назари ӯ, ҳанӯз вақти қабули чунин тасмим нарасидааст.
"Тасмими барчидани панҷараҳои оҳанин дар ҳоли ҳозир иштибоҳ аст. Биноҳо бо низоми муҳофизатӣ таъмин нестанд. Дар ошёнаи чаҳорум кӯдакон ҳастанд. Модарашон нигарон аст. Онҳо ҳамеша дар "балкон" бозӣ мекунанд ва имкон дорад, ки ба замин биафтанд," - изҳор дошт ӯ. Ин суҳбати мо бо Зебуннисо Давлатшоева рӯзи 17-уми феврал сабт шуд.
Давлатшоева мегӯяд, беҳтар мебуд, агар мақомот барои бехатарӣ ба ҷойи панҷараҳои оҳанин чизи дигареро пешниҳод мекарданд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, сокинон барои бехатарӣ панҷараҳоро насб мекунанд, на барои зебоӣ.
Ҳамсуҳбати мо барои тақвияти гуфтаҳояш ҳодисаеро намуна овард, ки баъди гирифтани панҷараҳо аз тирезаи хонаи ҳамсояаш рух додааст.
"Ҳамсояи ман чанде пеш хонаашро таъмир кард. Онҳо барои иваз кардани тиреза танҳо барои як рӯз панҷараҳоро гирифтанд ва ҳамон шаб касе ба хонааш даромадааст. Дар лаби тиреза изи пойафзоли калон дида мешуд. Милисаро даъват карданд, изҳоро гирифтанд," -- илова кард Давлатшоева.
Сармеъмори Душанбе, Самӣ Азизиён, рӯзи 10-уми феврал дар нишасти хабарӣ ҳадафи барчидани панҷараҳои оҳанинро беҳтар кардани симои шаҳр номид.
Ӯ гуфт, ба сокинони баландошёнаҳои пойтахт тавсия дода мешавад, ки барои таъмини бехатарӣ аз дохили хона симтурҳои махсус насб кунанд.
"Аз 2-юми январ то ҳозир зиёда аз 1000 панҷара ва балконҳое, ки худсохт буданд ва намуди зоҳирии биноҳоро вайрон мекарданд, бартараф карда шуд. Дар кӯчаҳои Садриддин Айнӣ, Аҳмади Дониш ва хиёбони Рӯдакӣ пурра баратараф шудаанд ва ҳоло кандани панҷараҳо дар биноҳои маҳаллаи 82 ҷараён дорад," – шарҳ дод Самӣ Азизиён.
Профессори соҳаи меъморӣ Рустам Муқимов сабаби пеш омадани ин мушкилро ба он рабт дод, ки дар ибтидои лоиҳакашӣ масъалаи бехатарии сокинон, аз ҷумла насби панҷараҳо ва мутобиқати онҳо бо шакли зоҳирии биноҳо, ба назар гирифта намешавад.
"Агар панҷараҳо худсозӣ нашуда бошанд ва барои мисол, истеҳсоли корхонае ва мутобиқ ба ҳар бинои алоҳида бошанд, ин ҷолиб аст. Ҳар шахс диди худро дорад ва пеш аз ҳама дар фикри амният ва бехатарии аҳли хонаводааш аст. Аз ин лиҳоз, ӯ аз масолеҳи дастрас ба мисли сим ва анвои дигари камхарҷ истифода мебарад. Ин метавонад намуди зоҳирии биноро коста гардонад. Ҳар хонаву биноро бояд ҷудогона дар назар гирифт, то нақшу зиннати дигар биноро такрор накунад," - изҳор дошт Муқимов рӯзи 17-уми феврал.
Барчидани панҷараҳои оҳанин аз баландошёнаҳои Душанбе аз аввали имсол оғоз шуд. Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ 31-уми декабри соли 2024 дар ин бора қарореро қабул кард ва харҷи ин кор ба зиммаи ҳукумати шаҳр вогузор шудааст. Қаблан мақомоти Душанбе мавҷгирҳоро аз боми биноҳо барчида, изҳор дошта буданд, ки онҳо симои зоҳирии шаҳрро коста мегардонанд.
Видеоро дар инҷо бинед: