Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсиии Тоҷикистон ба ҷойи ҷавоб додан ба суолҳои Радиои Озодӣ дар мавриди сабтиноми нозирон ва расонаҳои мустақилу хориҷӣ, худи Радиои Озодиро огоҳ кард, ки ҳаққи бозтоб додани интихоботи порлумонии 2-юми мартро надорад. Зеро, ба гуфтаи ин ниҳод, Радиои Озодӣ бо сабаби муроҷиати дер, парвонаи кор ё “аккредитатсия”-и КМИР-ро надорад. Пас ба суолҳояш ҳам бояд посух дода нашавад.
Ин дар ҳолест, ки хабаре дар бораи муҳлати муроҷиат дар расонаҳо нашр нашуда, Радиои Озодӣ дар охирин рӯзи пешниҳод дархости парвона дода буд. Тавре маълум шуд, на танҳо Радиои Озодӣ, балки аксар расонаҳои мустақили дохилӣ ва байнулмилалӣ, ба истиснои чанд расонаи русӣ ва расонаҳои давлатӣ, барои инъикоси интихобот сабтином ҳам нашудаанд.
Хуршеди Атовулло, мудири Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ки чанд нашрия дар ихтиёраш дорад, гуфт, расонаҳо тавони бозтоби интихоботро надоранд: "Шахсан мо ба шароите расидем, ки ҳар як газета як корманд дорад. Наметавонем як кормандамонро ба ин кор банд кунем, ки омода кардану чопи рӯзнома як сӯ монад," – афзуд ӯ.
Шумори дигаре аз масъулони расонаҳои мустақили дохилӣ низ дар суҳбатҳои бидуни сабт гуфтанд, ки интихоботи имсола чандон гарм нест ва кирои таваҷҷуҳ намекунад. Ба далели “гузаронидани муҳлат барои дарёфти аккредитатсия”-и КМИР хабарнигорони расонаи маъруфи Би-би-сӣ низ дар бозтоби интихобот сабтином нашудаанд.
Нозирони дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА бо далели, ба гуфтаашон, “набудани кафолат дар бораи сабтином ё аккредитатсияи нозирон" аз мушоҳидаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон даст кашиданд. Вазири корҳои хориҷӣ ҳафтае пеш гуфт, набудани нозирони САҲА "ягон хел таъсир намерасонад, интихоботи мо шаффоф аст".
Бепарвоии номзадҳо
Дар ҳоле ки ширкати хабарнигорони мустақил ва нозирони ғарбӣ як навъ замонати қонунӣ ва шаффоф гузаштани интихобот ва бозгӯ шудани ҳақиқатҳои он дониста мешавад, баъзе аз номзадҳо аз роҳ наёфтани онҳо нигарон нестанд.
"Вайҳо биёянд ё наёянд, чӣ фарқ дорад? Ин масъалаи дохилӣ. Мувофиқи қонун, бе ягон мушкил, озодона иштирок карда истодаем, баромад карда истодаем, саволу ҷавоб шуда истодааст. Ин интихоби халқ. Паҳн кардани ахбороти интихобот аллакай бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ шуда истодааст. Барои ҳамин ба назарам кифоя аст," - андеша дорад Баҳром Шарифов, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон.
Ҳуқуқшинос Ҷамшед Ёров мегӯяд, "аккредитатсия" шудани расонаҳо дар тамоми ҷаҳон барои тартиби ҳузури расонаҳо дар замони интихобот аст, на ба маънои пайдо кардани ҳаққи инъикос кардани раванди интихобот.
"Вале дар ҳодисае, ки мушаххасан бо Радиои Озодӣ ва расонаҳои дигари мустақилу беғараз рух додааст ва бо ҳар баҳонае маҳдуд мекунанд ва намемонанд, ки интихоботро инъикос кунанд, ман фишор овардан ба озодии баён медонам," - илова кард Ёров.
Пас аз эълони истиқлол дар Тоҷикистон, бори шашум аст, ки интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Ба истиснои нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой нозирони дигари байнулмилалӣ то кунун ягон интихоботро дар Тоҷикистон шаффофу озод надонистаанд.
Дар интихоботи порлумонии 2-юми марти соли 2025 барои 63 курсии порлумон 68 номзад аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурӣ ва 152 номзад аз ҳавзаҳои якмандатӣ мубориза мебаранд. Ҳоло аксар курсиҳои порлумон дар ихтиёри ҳизби ҳокими халқӣ-демкоратӣ бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Интизор меравад, ин вазъ тағйире нахоҳад кард.
Гузориши видеоӣ дар инҷост: