Деҳаи Достук ба Тоҷикистон мегузарад, Қайрағоч ба Қирғизистон. Ва Чоркӯчаи ҷанҷолӣ мақоми бетараф мегирад. Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 27-уми феврал дар порлумони кишвараш ҷузъиёти созиши сарҳадиро бо Тоҷикистон ошкор кард. Қамчибек Тошиев гуфт, ҷонибҳо хати марзро бар асоси харитаи соли 1991 кашида, дар ҷараёни музокироти се соли охир ба ҳамдигар "гузаштҳо" карданд. Ин дар ҳолест, ки пештар Тоҷикистон ба харитаи соли 1924-27 такя дошт.
Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз ҳазор километр сарҳад доранд. Зиёда аз 519 километри он то соли 2011 мувофиқа ва беш аз 486 километри боқимонда дар се соли охир мушаххас шудааст. Номуайянии сарҳад солҳо сабаби ҷанҷолу хунрезӣ буд. Дар муноқишаи солҳои 2021-2022 аз ду тараф даҳҳо нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд. Марзнигорӣ ё кашидани хати сарҳад рӯзи 21-уми феврал ниҳоӣ ва аз тарафи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бишкек имзо шуд.
Мақомоти Тоҷикистон на дар гузашта ва на ҳоло тафсилоти гуфтушунид ва ҷузъиёти созишномаро бо Қирғизистон эълон накардаанд. Баъзе аз намояндагони мухолифони тоҷик дар хориҷа бо такя ба маълумоти Қамчибек Тошиев "гузаштҳо"-и Тоҷикистонро бисёр шумурданд.
Коршинос Неъматулло Мирсаидов рӯзи 27-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "аз ин созиш ҳарду тараф бурд мекунанд, вале зарар не. Имрӯз муноқиша ба касе лозим нест. Роҳҳои байни Тоҷикистон ва Қирғизистон боз мешаванд. Мардум ҳаракат мекунанд, мол ҳаракат мекунад, ду кишвар рӯ ба рушд меоранд. Гумон дорам, ки ин ба нафъи ҳарду кишвар аст."
ВОРУХ, ЧАРОГОҲ ВА ЧОРКӮЧА
Бар асоси он чи Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, рӯзи 27-уми феврал дар порлумони кишвараш гуфт, музокира бар сари ҷамоати Ворухи Исфара "бисёр мушкил" гузаштааст. Ба нақли ӯ, мардум дар он ҷо тақрибан 19 ҳазор гектар заминро истифода мебурданд ва дар натиҷа тарафҳо ба хулосае омадаанд, ки 14,5 ҳазор гектар замин ва ҳамчунин 1000 гектар чарогоҳи наздик ба онро Тоҷикистон бигирад.
Дар иваз 1000 гектар чарогоҳ дар ноҳияи Чон-Олойи вилояти Уш ба Қирғизистон дода мешавад. Чон-Олой дар марз бо ноҳияи Лахш (Ҷиргатол)-и Тоҷикистон ҷойгир аст ва дар гузашта ду тараф дар мавриди таъйини хати марз дар ин минтақа ихтилоф доштанд.
"Онҳо гуфтанд, ки шумори сокинони Ворух зиёд шудааст ва пас аз муайян кардани марзҳо дигар наметавонанд ба он ҷо гузаранд. Барои он ки мардум ҷое барои чарои чорво дошта бошанд, ошкор мегӯям, аз аввал тақрибан 5 ҳазор гектар талаб карданд. Мо фаҳмондем, ки имкони пешниҳоди ин миқдор заминро надорем ва ҳазор гектарро барои чарогоҳ ҷудо кардем, то молу чорвои худро чаронанд,” -- ҷузъиёт дод Тошиев.
Як масъалаи дигари баҳсӣ, ки сабаби ним сол ба таъхир уфтодани музокирот шудааст, ин пули 20-метрӣ дар минтақаи Чоркӯча ё “Торт-Кочо” (чорроҳаи Уш-Раззоқов ва Исфара-Ворух) будааст.
Назари ҷониби Тоҷикистон маълум нест. Қамчибек Тошиев мегӯяд, “дар вақташ барои ин пул ҷониби Тоҷикистон қитъае ҷудо кард ва мо онро сохтем. Шаш моҳ дар ин бора гуфтушунид доштем ва дар натиҷа пул дар ихтиёри Қирғизистон монд. Ин пул барои мо аз нигоҳи стратегӣ муҳим аст, зеро тамоми сокинон дар ноҳияҳои Лайлак ва Бодканд аз ин пул истифода мебаранд.”
Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфт, дар робита ба худи Чоркӯча ё "Торт-Кочо" созишномае омода мешавад, ки бар асоси он ба 253,74 метр мақоми бетараф дода мешавад. Дар айни замон дар ду тарафи шоҳроҳ дар ҳудуди 15-метрӣ хатҳои амниятӣ муқаррар мегардад. 40 метри дигари роҳи мошингард минтақаи бетараф эълон мешавад, ки ба ягон ҷониб тааллуқ нахоҳад дошт ва дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳарду тараф аз он баробар истифода мебаранд.
ДОСТУК ВА ҶУБРОНИ ХОНАҲОИ НАВБУНЁД
Бар асоси тавофуқи ҳосилшуда, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамчунин шоҳроҳи Хоҷаи Аъло-Ворух (Дача-Қапчигай)-ро дар масофаи 3425 метр ва Ориён-Шӯристон (Мин Оруқ-Самарқандак)-ро бо дарозии 3241 метр бояд бисозанд. Ин роҳҳо ҳам минтақаи бетараф эълон хоҳанд шуд.
Шоҳроҳҳои Хуҷанд-Арқа-Конибодом ва бозори "Дустук", дар умум 12 гектар, ба ҷониби Тоҷикистон дода мешавад. Дар иваз Қирғизистон 25 гектар замин мегиард. Тошиев сабабашро чунин шарҳ дод:
"Мо фаҳмондем, ки бозор як минтақаи тиҷоратӣ аст ва он ҷо харидуфурӯш сурат мегирад ва роҳ муҳим аст. Ин танҳо қитъаи замин нест. Онҳо розӣ шуданд ва дар иваз ба мо қаламрави ду баробар бештарро доданд." Вай илова кард, ки роҳи мошингарди Қарабоғ-Лаккон дар ҳудуди кишвари ҳамсоя монд. Тавзеҳи мақомоти Тоҷикистон ба ин ва нуктаҳои дигари созишнома феълан дастрас нест.
Ба гуфтаи Қамчибек Тошиев, деҳаи Достук дар ноҳияи Бодканд пурра ба Тоҷикистон дода мешавад. Дар ивази ин деҳа, яъне 91 гектар, Қирғизистон ҳамин миқдор замин ва боз як қитъаи иловагиро мегирад.
“Дар вақташ дар он ҷо хонаҳои нав сохта будем. Аз ҷониби Тоҷикистон талаб кардем, ки ҷубронро бипардозад ва онҳо розӣ шуданд, ки дар мавзеи Лаккон, воқеъ дар наздикии деҳаи Қарабоғи ноҳияи Бодканд 30 гектар замини киштро ба мо диҳанд. Мо сокинони деҳаи Достукро ба ин ҷо мекӯчонем ва барои онҳо хонаҳои нав месозем,” – шарҳ дод Тошиев ва афзуд, ки Достук аз нигоҳи иқтисодӣ ва стратегӣ барои Қирғизистон ягон фоида намеовард, чун як деҳаи дурдаст буд.
Аз ин пеш президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборов (Жапаров) хабар дода буд, ки қарор аст дар доираи гуфтушунидҳои миёни Тоҷикистону Қирғизистон сокинони баъзе минтақаҳои наздимарзӣ кӯч дода шаванд. "Агар дар тарафи мо хонаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон бошад, ҷониби Тоҷикистон онҳоро мекӯчонад ва агар хонаҳои шаҳрвандони мо ҳам дар ҳудуди онҳо ҷойгир бошад, кӯчонида мешаванд,” – гуфта буд ӯ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
“ГОЛОВНОЙ”, БОЗОР ВА РОҲҲО
Ҷонибҳо масъалаи Маркази тақсими оби “Головной”-ро ҳам, ки аксаран сабаби баҳсу муноқиша миёни сокинони ду кишвар мешуд, ҳал кардаанд. Бино ба созишнома, ҳарду ҷониб аз се нуқтаи ин иншооти обтақсимкунӣ дар дарёи Исфара (Оқсу) ҳаққи баробар гирифтаанд.
“Ин се лӯла ё нуқтаи обгириро мо ду тақсим кардем ва якуним лӯла аз мо шуду якуними дигар аз Тоҷикистон. Ин тахминан дар ҳудуди 3-4 метр аст. Дар иваз онҳо ба мо 500 гектар замин дар қитъаи Унжу-Булоқ воқеъ дар ноҳияи Чон-Олой (вилояти Уш)-ро доданд. Ин бисёр қитъаи баҳснок буд,” – гуфт Тошиев ва афзуд, ба ин ҳамчунин 150 гектар замин дар қитъаи Катта-Туз ва 100 гектар дар баромади шаҳри Сулюкту чун ҷуброн илова шуд.
Раҳбари Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон таъкид кард, ки истифода аз нуқтаи обтақсимкунӣ ва тақсими об тибқи тавофуқи дуҷонибаи ниҳодҳои марбутаи Қирғизистону Тоҷикистон сурат мегирад.
Ғайр аз ин, ҷонибҳо дар Қарабоғ, Лаккон ва Қуруқсой 200 гектар заминро байни ҳам иваз карда, дар ноҳияҳои Бодканди Қирғизистон ва Исфараи Тоҷикистон қитъаҳои заминро табодул намудаанд. Дар ин ҷо ба Қирғизистон 142,7 гектар ва ба Тоҷикистон 142 гектар дода мешавад.
Дар мавриди тасвири хати марз дар ноҳияҳои Лайлаки Қирғизистон, Тоҷикистон 155 гектарро дар қитъаи Қайрғоч ва 35 гектар дар қитъаи дигар, яъне дар маҷмуъ 190 гектар заминро ба кишвари ҳамсоя медиҳад. Дар иваз ҷониби Тоҷикистон аз Қирғизистон 190 гектар заминро дар ноҳияи Лайлак, аз ҷумла, 65 гектар дар қитъаи Қарабоғ, 43 гектар дар қитъаи Майти ва ҳамчунин чанд қитъа дар минтақаҳои аҳолинишини Сада, Раззоқов, Селкон, Пролетарск ва дигар гӯшаҳоро хоҳад гирифт.
ЯК МОҲИ ДИГАР БАРОИ ТАҲИЯИ САНАДҲО
Дар аввали моҳи декабри соли 2024 маълум шуд, ки ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон кашидани хати сарҳадро анҷом додаанд. Охири ҳафтаи гузашта дар нишасти ҳайатҳои ду кишвар дар Бишкек, чанд санад дар мавриди марз имзо шуд. Ҷонибҳо тарҳи созишномаеро таҳия ва қабул карданд, ки на танҳо ба таъйини хати марз, балки ба истифодаи роҳҳои мошингард, дастрасӣ ба нуқтаҳои тақсими об ва иншооти энергетикӣ марбут аст. Тошиев эълон кард, ки дар давоми як моҳ расмиёти ҳуқуқии санадҳо ба анҷом мерасад.
Ба гуфтаи вай, аз ин ба баъд ҳамаи масъалаҳо ошкоро баррасӣ хоҳанд шуд: "То ин замон ҳуҷҷатҳо "барои истифодаи хидматӣ" буданд, зеро ҳангоми кор метавонистанд, тавзеҳҳои гуногун сар зада, ба натиҷаҳо таъсири манфӣ расонанд. Аз имрӯз мӯҳри "истифодаи дохилӣ" бардошта шуд, мо ҳамаро ошкоро баррасӣ мекунем, зеро аллакай ба созиш расидем, имзо гузоштем. Баъди он, ки дар кумитаҳои порлумон тарҳро баррасӣ мекунанд, ин ҳуҷҷат аз сӯи президент имзо гузошта мешавад. Сипас мо барои тасдиқ (ратификатсия) ба порлумон бармегардем, баъди он президентҳо санади ниҳоиро имзо мекунанд, созишнома баста мешавад."
Тавре маълум шуд, рӯзи 31-уми март дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аввалин нишасти раҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор хоҳад шуд. Аммо маълум нест, ки оё порлумони Тоҷикистон ҳам ба баррасии созишномаи марзӣ бо Қирғизистон оғоз кардааст ё не.