Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соле то 500 зани тоҷик саратони сина мешавад. Сабаб чист?


Гирифторони саратони сина дар Тоҷикистон зиёд шудааст. Сабаб чист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

Гирифторони саратони сина дар Тоҷикистон зиёд шудааст. Сабаб чист?

Дар Тоҷикистон гирифторӣ ба бемории саратон дар миёни занон афзоиш ёфтааст.

Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта дар кишвар 2231 зан ба бемории саратон мубтало шудааст. Ин рақам нисбат ба соли 2023 (1869) 362 ҳолат зиёд аст.

Саида Умарзода, як масъули Маркази илмии саратоншиносии Тоҷикистон рӯзи 25-уми феврал дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамасола дар кишвар то 500 зан ба саратони ғадуди ширӣ ва ҳудуди 400 кас ба саратони гарданаки бачадон мубтало мешавад.

Омилҳои гирифторӣ ба бемории саратонро хеле зиёд меноманд. Он метавонад аз пешиниён ба мерос ояд, натиҷаи заҳролудшавии бадан бошад ё аз хӯроки нодуруст, фарбеҳӣ, зарба хӯрдан, риоя накардани тозагӣ, танбалии ҷисмонӣ, табобати хато ё ҳатто як варами одӣ низ сар занад.

"Мо тадқиқоти медикӣ-демографӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидем ва он муайян кард, ки дар ҳақиқат, шумори занҳое, ки имрӯз ба фарбеҳӣ гирифторанд, рӯ ба афзоиш дорад. Агар соли 2012 фарбеҳӣ дар миёни занон 27 дарсадро ташкил медод, дар соли 2016–2017 ин нишондод то 38 дарсад буд. Имрӯз мизони фарбеҳӣ дар миёни бонувон то ба 42 дарсад расидааст. Худи фарбеҳӣ омили 20 намуди бемории саратон аст," - изҳор дошт Умарзода.

Ҳарчанд, ба гуфтаи Умарзода, омилҳои барангезандаи бемории саратон тақрибан дар мардон ва занон яксонанд, бештар гирифтор шудани бонувон ба ин беморӣ сабабҳои дигар низ дорад. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, мубодилаи гармонҳо дар организми занон гуногун сурат мегирад ва бинобар ин, эҳтимоли гирифтории онҳо ба бемории саратон бештар аст.

"Аз вақти таваллуди духтарча то ба балоғатрасӣ, то пайдошавии давраи ҳайз, таваллудкунӣ, ҳомиладорӣ, баъди ҳомиладорӣ ва синамаконӣ. Тамоми организми зан бо ҳамин мубодилаи гармонҳо муносибат дорад ва агар ба ҳамин омилҳо, омилҳои рафторӣ, ғизоӣ, генетикӣ, ирсӣ, боз омилҳои экологӣ, оилавӣ ё иҷтимоӣ ҳамроҳ шаванд, албатта, зан бештар ба ин беморӣ гирифтор шуданаш мумкин аст," - илова кард Умарзода.

Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 10-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, барои табобати бемориҳои онкологӣ аз буҷа маблағи муайяне ҷудо мешавад, вале дақиқ нагуфт, чи қадар.

“Ҳамон миқдори муайяне, ки маблағҳо ҷудо шудагӣ аст, ҳамин фақат барои табобати бемориҳои онкологӣ меравад. Яъне, хизматрасонии таъмин намудани доруҳое, ки баъди ҷарроҳӣ, химиятерапия аз тарафи марказ ройгон таъмин карда мешавад”, - изҳор дошт Абдуллозода.

Табибон як мушкили асосӣ дар табобати саратонро дер муроҷиат кардани беморон меноманд. Сокинон дар навбати худ мегӯянд, ба далели гарон будани ташхису табобат, аз ҷумла кимёдармонӣ наҳамеша метавонанд сари вақт ба табибон муроҷиат кунанд. Дигар сабаби дер муроҷиат кардани беморон ин набудани низоми дурусти бимаи тиббӣ мебошад.

Дар маҷмӯъ то соли 2024 дар Тоҷикистон 20 ҳазору 675 нафар бемори онкологӣ ба қайд гирифта шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG