Мақомоти амниятии Амрико як ҷавони 33-солаи тоҷикро бо гумони кумаки молӣ ба ДОИШ ё созмони террористии "Давлати исломӣ" ва чанд ҷинояти сахти дигар дастгир кардаанд.
Дар парвандаи Мансури Манучеҳрӣ, ки рӯзи 25-уми феврал Додситонии Амрико нашр кард, омадааст, ин ҷавони тоҷик аз моҳи декабри соли 2021 то июни соли 2023 ба шахсони вобаста ба ДОИШ, аз ҷумла ҳалқаи "Хуросон", бештар аз 70 ҳазор доллар фиристодааст. Шарҳи вакили мудофеъ ва ё пайвандони Мансури Манучеҳрӣ феълан маълум нест.
Додситонии Амрико гуфтааст, бахше аз пулҳои фиристодаи ҷавони тоҷик аз ҷумла ба як фарде расидааст, ки бо иттиҳоми даст доштан ба ҳамлаи маргбор ба калисое дар шаҳри Истанбули Туркия муттаҳам мешавад.
Номи ин фард дар парвандаи ҷиноие, ки маъмури FBI ва Хадамоти Федеролии Таҳқиқоти Амрико таҳия кардааст, нест. Мақомоти Туркия гуфтаанд, дар ҳамла ба калисои Марями муқаддас, ки соли 2024 сурат гирифт, Амирҷон Холиқов, шаҳрванди Тоҷикистон, ҳам даст дошт. Дар ин ҳамла як нафар кушта шуд.
Дар парвандаи ҷиноии Мансури Манучеҳрӣ омадааст, ки ӯ соли 2016 бо раводид ё визаи сайёҳӣ ба қаламрави Амрико ворид шудааст ва аз он баъд бо санадҳои сохта, аз ҷумла издивоҷи тақаллубӣ дар хоки ин кишвар мондааст.
Дар муколамаҳои Мансури Манучеҳрӣ бо афроди беном аз тариқи Вотсап, онҳо ба ӯ навиштаанд, ки пулҳои фиристодааш барои дастгирии занону фарзандони ДОИШ-иён дар Сурия харҷ шудааст.
Ӯ ҳамчунин ошкоро аз идеологияи ин гурӯҳи ифротӣ ҳимоят карда, видеоҳои онҳо, аз ҷумла навори тарғиботии Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини ОМОН, дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилиро доштааст, ки ба ДОИШ пайваст ва то кунун бенишон аст.
Мансури Манучеҳриро бо иттилои яке аз аъзои оилааш дар ноҳияи Бруклини Ню Йорк ба мақомоти интизомӣ дастгир кардааанд. Ба қавли муфаттишон, як узви наздики оила ба идораи мубориза ба зидди терроризм дар Ню Йорк занг зада, гуфтааст, Мансури Манучеҳрӣ таҳдид кардааст, ки як узви оилаи худро мекушад ва рафтори бадхашмона аз худ нишон медиҳад.
Ҷавони тоҷик ҳамчунин тирандозиро тамрин мекардааст ва дар ду маврид навори тирандозии худро ба фарди марбут ба ДОИШ дар Туркия фиристодааст ва дар як паёме ҳам гуфтааст, “Алҳамдулилоҳ, ман омодаам, бародар.”
Мансури Манучеҳрӣ айни замон ба ҳифзи ғайриқонунии силоҳ, тақаллубкорӣ дар санадҳои муҳоҷират муттаҳам мешавад. Расонаҳои амрикоӣ навиштаанд, ки вакили дифои ӯ ба дархостҳо барои шарҳи қазия ҳанӯз посух надодааст.
Ҷавони тоҷик яке дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки бо гумони ҳамкорӣ бо ДОИШ дастгир мешавад. Моҳи июни соли 2024 маъмурони амниятии Амрико ҳашт шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми омодагӣ ба анҷоми амали террористӣ дар хоки он кишвар дастгир карданд.