Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Аҳмади Иброҳим аз ҳукми зиндонаш шикоят накард?


Аҳмади Иброҳим. Акс аз бойгонӣ
Аҳмади Иброҳим. Акс аз бойгонӣ

Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори 63-солаи зиндонӣ, барои бозбинии ҳукмаш ба зинаи болоии додгоҳ шикоят накардааст. Додгоҳи шаҳри Кӯлоб дар моҳи январ ӯро бо гуноҳи “пешниҳоди ришва”, “тамаҷӯъӣ” ва “ифротгароӣ” ба 10 солу чор моҳ зиндон маҳкум кард. Дар Додгоҳ гуфтанд, ки барои шикоят ним моҳ фурсат дошт.

Пайвандонаш мегӯянд, пул надоштанд, то вакили мудофеъ бигиранд, вале ҳамзамон шикоятро аз ҳукми, ба гуфтаашон, “фармоишӣ” кори беҳуда медонанд. Ба нақли яке аз онҳо, ҳушдор гирифта буданд, ки агар аз ҳукм шикоят баранд, эҳтимол ҷазо сахттар шавад.

Чаро Аҳмади Иброҳим аз ҳукми зиндонаш шикоят накард?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят накардани рӯзноманигорро ба маънои дигар шарҳ дод. Рустам Мирзозода дар нишасти матбуотӣ дар аввали моҳи феврал гуфт: “Аз ин бармеояд, ки Аҳмади Иброҳим аз ҳукми содиршуда розӣ аст. Дар сурати ворид шудани шикоят судҳои болоӣ парвандаро мебинанд.”

Баръакси иддаои раиси Додгоҳи олӣ, Аҳмади Иброҳим дар номае аз боздоштгоҳ дастгир шуданашро ғайриқонунӣ ва қасосгирӣ барои танқид номида буд. Ӯ боздошташро кори дасти раиси шаҳри Кӯлоб ва “чанд муфаттиш” донист.

Раиси Кӯлоб ба суоли ин ки то куҷо дар боздошти Аҳмади Иброҳим нақш дорад, посух мушаххас надод. “Дар қисмати Аҳмади Иброҳим гуфтед. Ин дар салоҳияти мо нест. Ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нишастҳои матбуотӣ доданд, шумо ҳам худатон саволҳои лозимиро додед ва ҷавобҳои лозимиро гирифтед,” – гуфт Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳри Кӯлоб.

Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи “Пайк”, дар моҳи августи соли 2024 бо гумони додани ришва ба маъмури амниятӣ боздошт шуд. Сипас иттиҳоми “тамаҷӯъӣ” ва “ифротгароӣ”-ро ба парвандааш изофа карданд. Худаш ҳеч яке аз ин иттиҳомҳоро напазируфт.

Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва Гузоришгарони бидуни марз ҳукмро ноодилона ва озодии рӯзноманигорро талаб карданд.

XS
SM
MD
LG