Вазири кору муҳоҷирати Тоҷикистон аз гуфтани шумораи дақиқи муҳоҷироне, ки дар як соли охир аз Русия баргаштаанд ё ба он ҷо рафтаанд, худдорӣ кард. Далел ин буд, ки ба қавли вазир, ин шумораҳо аз нигоҳи Русия ва Тоҷикистон духелаанд. Аммо гуфта шуд, ки шумораи муҳоҷирони бозгашта афзоиш ёфтааст.