Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар виза ё муҳри кишвари дигарро дорӣ, аз Русия меронанд"


Яке аз фурудгоҳҳои Маскав. Акс аз бойгонӣ
Яке аз фурудгоҳҳои Маскав. Акс аз бойгонӣ

Ҳадди ақал ду муҳоҷири тоҷик дар суҳбат бо "Мигрант Медиа"-и Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки баъди сафар ба кишварҳои дигар роҳашон ба Русия баста шудааст. Шарҳи ҷониби Русия дастрас нест. Як ҳуқуқдони тоҷик гуфт, онҳое бо чунин мушкил дучор мешаванд, ки дар шиносномаашон раводид ё муҳри кишварҳои исломиро доранд ва ё давлатҳои ғарбиро.

Фурқатҷон Алиев, сокини шаҳри Панҷакент, гуфт, марзбонҳои Русия дар моҳи январи имсол ӯро дар фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав ду рӯз нигоҳ дошта, сипас ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд. Ба нақли ҳамсуҳбати мо, ӯ ҳамроҳи 17 каси дигар баъд аз адои ҳаҷи умра аз Арабистони Саудӣ бармегашт.

"Мо ба воситаи Кувайт ба зиёрати Макка рафта будем. Дар фурудгоҳи Маскав гуфтанд, ё гашта ба Кувайт меравед ё ба Тоҷикистон. Мо маҷбур ба Тоҷикистон омадем. Ду рӯз дар фурудгоҳ нигоҳ доштанд, аммо на хӯрок доданд, на чизи дигар. Як кас намоз хонд, бурда заданд. Ба сафорат занг задем, гуфтанд, имкон надорем ёрӣ кунем," – афзуд мусоҳиби мо.

Мақомоти марзбонии Русия ба Фурқатҷон ва ҳамроҳонаш дақиқ нагуфтаанд, ки чаро онҳоро ба он кишвар роҳ намедиҳанд. Фурқатҷон мегӯяд, тахминаш ин аст, ки барои доштани визаи Арабистони Саудӣ аз Русия "депорт" карда шудааст.

Навор дар Инстаграм:

Ҳуқуқшиноси як маркази машваратӣ барои муҳоҷирон дар Тоҷикистон, ки нахост аз ширкат ва аз худи ӯ ном бурда шавад, гуфт, дар як рӯз то 10-12 нафар ба вай муроҷиат ва аз роҳ наёфтан ба Русия шикоят мекунанд. Ӯ афзуд, ҳамаи онҳо дар шиносномаҳояшон ё визаи кишварҳои исломиро доранд ё визаву муҳри кишварҳои аврупоиро.

"Маъмурони ФСБ намемонанд. Бештар аз Туркия, Арабистон. Ҳатто ронандаҳои мошинҳои борбаре, ки ба Эрон рафтаанд. Онҳое, ки ба давлатҳои Аврупо рафтаанд. Пурсидаанд, ки дар кишварҳои номатлуб ё ғайридӯст чӣ кор кардӣ. Мегӯянд, ту "ҷосус". Ҳамааш бо ҳамин мушкил дучор мешаванд," – шарҳ дод ҳуқуқдон дар суҳбат бо "Мигрант Медиа".

Суханони ҳуқуқшиносро дар бораи визаи давлатҳои Аврупо Давлатҷон, сокини 20-солаи шаҳри Истаравшан низ тасдиқ кард. Ба нақли Давлатҷон, вай барои кори мавсимӣ ду бор ба Бритониё рафтааст. Бори аввал соли 2023 ва бори дувум соли 2024. Дар ҳар ду маврид баъди баргаштан аз Бритониё барои идома кор ба Русия рафтааст.

Давлатҷон мегӯяд, дар дафъаи аввал дар сарҳади Русия ҳарчанд аз вай дар бораи сафараш ба Бритониё пурсиданд, дар ниҳоят, иҷозаи убур доданд. Аммо дафъаи дувум ӯро аз фурудгоҳи шаҳри Уфа баргардонданд.

Тарҳи "Мигрант Медиа" ба Хадамоти марзбонии Русия дархост фиристод. Дар дархост пурсида шудааст, ки дар воқеъ доштани виза ва муҳри кишварҳои севум дар шиноснома барои вуруди муҳоҷирони тоҷик ба Русия мушкил эҷод мекунад ё на.

Навор дар Фейсбук:

Муҳоҷирон ва мақомоти тоҷик мегӯянд, ки даромадан ба Русия ва кор дар ин кишвар баъд аз ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус” дар канори Маскав (моҳи марти 2024) мушкил шудааст.

Мақомоти Русия бо айби ташкили ҳамла қариб сӣ касро боздошт кардаанд, ки аксари онҳо зодагони Тоҷикистон ҳастанд. Муфаттишон гуфтаанд, бархе аз гумонзадҳо пеш аз ҳамла аз Туркия ба Маскав омадаанд. Бо гузашти як сол таҳқиқи парванда ва мурофиа ба поён нарасида, шубҳаву гумонҳо ба ривояти мақомоти Русия ҳамчунон боқӣ мондааст. Мушкили муҳоҷирон низ.

XS
SM
MD
LG