Як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба воситаи ширкатҳои Узбекистон ба ҳаҷи умра рафтаанд, мегӯянд, ки фиреб хӯрданд. Ба гуфтаи зоирон, ширкат барои 14 рӯз онҳоро ба Арабистони Саудӣ бурд, аммо 20 рӯз гузашту билети бозгаштро намегирад. Шикояти ба ҳамин монанд аз шаҳрвандони Узбекистон ҳам мерасад.
Як зоири тоҷик рӯзи 7-уми апрел бо ирсоли видео ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо 18-уми март аз шаҳри Тошканд ба Арабистони Саудӣ рафтанд ва бояд 2-юми апрел бармегаштанд.
Ба нақли ин ҳамсуҳбати мо, ширкати “Ахи Тур” "имрӯзу пагоҳ гуфта, билетамонро намегирад. Дирӯз гуфтанд, ки рӯзи 16-уми апрел билет мегирем. Гуфтем, пуламонро баргардон худамон билет гирифта равем, мегӯянд, пул намедиҳем, билет ҳам нест."
Ба гуфтаи ин зоири тоҷик, онҳо барои сафари умра ба ширкати узбекистонии “Ахи Тур” 1400 доллар доданд. Аз Тоҷикистон беш аз 40 нафар тариқи ин ширкат ба ҳаҷи умра рафта, ҳоло дар шаҳри Макка банд мондаанд.
Талошҳои мо барои суҳбат бо намояндагони ширкат то ин дам бенатиҷа буд. Онҳо ба занг ва паёмҳои мо посух надоданд. Сарнавишти зоирони тоҷик норӯшан аст ва маълум нест онҳо кай ба хона бармегарданд.
Дар наворе, ки зоирон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки занон ва мардони пиронсол дар даромадгоҳи як меҳмонхона дар Макка ҷамъ шудаанд. Баъзе аз тоҷикистониҳо мегӯянд, дар шаҳри Макка аз меҳмонхона ба меҳмонхона мегарданд, вале ҷойи дақиқ надоранд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Дар навори дигаре дида мешавад, ки чанд зоир, ки дар миёнашон занон низ ҳастанд, бо ҷомадон дар даромадгоҳи як меҳмонхона нишастаанд. Муаллифи навор мегӯяд, бархилофи ваъдаи ширкат роҳбалад надоранд ва маҷбуранд аз ҳисоби худ гарданду харҷ кунанд.
Фақат шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд ,ки ин шабу рӯз барои адои ҳаҷи умра рафта, сарсон шудаанд. Гурӯҳи дигари зоирон аз Тоҷикистону Узбекистон мегӯянд, онҳоро ширкати Jat Travel-и Узбекистон ба ҳаҷ бурда, дар кӯча партофт ва барояшон ақаллан хӯрок намедиҳад. Назари намояндагони ширкат маълум нест.
Бо сабук шудани қоидаҳои вуруд ба Арабистони Саудӣ, шумораи довталабони ҳаҷи умра аз кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон зиёд шуд. Мақомоти Тоҷикистон борҳо аз мардум хостаанд, ки ба воситаи ширкатҳои расмӣ раванд.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон 7-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, сарфи назар аз таъкидҳои онҳо ҳамоно шаҳрвандон аз тариқи кишварҳои ҳамсоя ба ҳаҷ мераванд. Шаҳрвандон мегӯянд, барои нархи арзони умр ширкатҳои узбекистониро интихоб мекунанд.
"Баъди сафар дарк мекунанд, ки фиреб хӯрдаанд ва ба эълонҳои дар бештари маврид бардурӯғи ширкатҳои сайёҳии кишварҳои хориҷ бовар кардаанд. Таъкиди мақоми ваколатдор ин аст, ки ҳамватанон сафарҳои худро тариқи ширкатҳои ватанӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ намоянд," - афзуд сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон.
Дар Тоҷикистон ду ширкат ва Кумитаи дин хоҳишмандонро барои адои ҳаҷи умра ба Арабистони Саудӣ мефиристанд. Аммо сокинон бартарӣ медиҳанд, ки ба воситаи Узбекистон сафар кунанд. Арзон будани нарх далели асосии сафар ба воситаи Узбекистон гуфта мешавад.