Мақомот дар Тоҷикистон бо сахттар кардани ҷазо мехоҳанд, ки дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқро камтар кунанд. На ҳама бовар доранд, ки чунин шева роҳи ҳалли масъала аст.
"Халқ дуздида наметавонад"
Аз пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон барои ҷиноят донистани истифодаи ғайриқонунии барқ ва сарпечӣ аз пардохти пули он як ҳафта нагузашта, чунин тарҳ омода ва қабул шудааст. Дар ин бора вакилони парлумон ва сарони Вазорати энержӣ хабар доданд.
Маҷлиси намояндагон ё палатаи поёнии парлумон ҷузъиёт надод. Сокинон ва коршиносон дар ин бора назарҳои гуногун доранд.
Амирхон Давлатов, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, аз таҳия ва қабули тарҳе, ки ҷазоро барои дуздии барқ сахттар мекунад, хабар надорад. Аммо ӯ бовар дорад, ки ба дуздии нерӯи барқ на мардуми одӣ, балки бештар моликони корхонаҳои хурду бузург даст мезананд.
“Дар деҳаи мо ҳисобкунакҳои барқиро дар симчӯби назди роҳ гузоштаанд. Халқ ягон хел дуздӣ карда наметавонад. Ин аз тарафи корхонаҳо бисёртар мешавад. Аз тарафи фурӯшгоҳҳо, ошхонаҳо, корхонаҳои бузурги саноатӣ," – гуфт ӯ рӯзи 7-уми апрел.
Дуздӣ ё корбурди ғайриқонунии барқ то ҳоло гуноҳи маъмурӣ ба шумор рафта, ҷазояш то 15 ҳазор сомонӣ ҷарима буд. Дар тағйиру иловаҳои нав, ки ҳафтаи гузашта аз сӯи парлумон пазируфта шуданд, дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии барқ ҷиноят эълон шуда, ҷарима аз 27 то 90 ҳазор сомонӣ афзуд ва ҷазои аз 6 то 10 сол зиндон низ муқаррар гашт.
Вазорати энержии Тоҷикистон ҳадафро аз таҳияи тарҳ “сахттар кардани ҷавобгарӣ... барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ” номид.
Ҷазо ё низоми биллингӣ?
Абдулло Ашӯров, рӯзноманигор ва коршиноси иқтисодӣ, шубҳа дорад, ки аз чунин роҳ мушкил ҳал шавад. Вай рушди низоми биллингиро аз сахттар кардани ҷазо беҳтар мешуморад.
"Мақомот бо сахттар кардани ҷазо мехоҳанд, пули барқро ҷамъоварӣ кунанд, вале ба гумон аст, ки натиҷаи хубе ба даст биояд. Сокинон шикоят мекунанд, ки баъзан пули барқро пурра медиҳанд, вале нозири барқ онро ба ҳисоб намегузаронад. Борҳо чунин нозирони барқ боздошт шуда буданд. Пас аз сахттар шудани ҷазо ҳам чунин амалҳо метавонад бештар шаваду камтар не," – шарҳ дод ӯ.
Ашӯров дар идомаи суҳбат бо Радиои Озодӣ таъкид намуд, ки сахттар кардани ҷазо барои дуздии барқ эҳтимол бо талаби созмонҳои байнулмилалие чун Бонки Ҷаҳонӣ, яке аз сармоягузорони бахши энержии кишвар, сурат гирифтааст.
Пулис дар гузашта борҳо аз истифодаи ғайриқонунии барқ аз сӯи сокинон ва гоҳе соҳибкорон хабар додааст. Вале миёни шахсони гумонзад мансабдорони шинохта ё раҳбарони корхонаҳои маъруф дида намешуд.
Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси иқтисодӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин қонун асосан барои мансабдорон ва одамонест, ки корхона доранд. Фиреб мекунанд, пул намедиҳанд. Нозири барқ меояд, пулро дар кисааш мезананду мегӯянд, ҳамаашро аз байн бар. Ана ҳамин гуна корҳо ҳаст дар Тоҷикистон. Бисёре аз "чиновник"-ҳо хати барқи 3-фаза доранд, ки барои мардум мумкин нест."
Гузориши видеоӣ дар инҷо:
Раҳбарони бахши энержии кишвар то ҳол борҳо таъкид намудаанд, ки дар доираи санаду барномаҳои давлатӣ ба дуздиву талафоти нерӯи барқ мубориза мебаранд, вале ин мушкил ҳамоно мондааст.
Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2024 талафоти барқ дар нерӯгоҳҳо ва марказҳои барқу гармдиҳии ширкати "Барқи Тоҷик" бештар аз 73 миллион киловат соатро ташкил намудааст. Рақаме, ки маълум нест баъд аз сахттар кардани ҷазо камтар хоҳад шуд ё дар ҳамин сатҳ хоҳад монд.