Мақомоти интизомии Русия гуфтаанд, ки қасд доранд вилояти Маскавро ба қавли худашон "сафедтар", яъне аз хориҷиёни сиёҳсар пок кунанд. Ин гуфтаи Виктор Пауков, сардори раёсати пулиси вилояти Маскавро як намояндаи раёсат дар ҷаласае дар бораи муҳоҷирати ғайриқонунӣ иқтибос овардааст.
Масъулони Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки чойхонаи "Роҳат" ва Театри Лоҳутӣ дар маркази шаҳри Душанбе аз байн бурда мешаванд. Баҳси вайрон кардан ё мондани ин ду бино чанд сол боз идома дорад.
Ахбори Озодӣ
Рӯзи 8-уми июл дар ҳамлаи мушакии Русия ба бузургтарин беморхонаи кӯдакона дар Киев, ки хурдсолони гирифтори бемории хатарнок табобат мешуданд, бинои табобатгоҳ ва мактаби дохили он низ хароб шудааст.
Сокинони маҳаллае дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъд аз кӯшишҳои зиёд тавонистанд, ки дастҷамъона ҳавзеро бунёд созанд. Cокинони як қисмати деҳаи Ғозиён солҳои дароз бо молики хоҷагии деҳқонӣ ва мақомоти маҳаллӣ бар сари ин ҳавзи нимавайрон баҳс доштанд.
Аз Тоҷикистон ин навбат 14 варзишкор иштирок мекунад. Аксҳо аз маросими ифтитоҳи бозиҳои олимпиро хабаргузориҳои ҷаҳонӣ нашр карданд
Дастгир шудани ҳашт зодаи Тоҷикистон дар ИМА дар моҳи июни имсол ба гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” яке аз доғтарин хабарҳои расонаҳои Амрико дар мавзӯи хатари ҳамлаи террористӣ ва беназоратии сарҳади ИМА бо Мексика буд.
Русия барои тафтиши муҳоҷирон аз техникаи ҳарбӣ истифода мебарад, дар мактабҳои Тоҷикистон 2500 муаллим намерасад, бемории пӯсти чорвои Тоҷикистон, таъхири бунёди шоҳроҳи Душанбе-Қулма ва матолиби дигар.
Дар Тоҷикистон дар чанд рӯзи гузашта қимати гӯшт боло рафтааст ва мақомот мегӯянд, сабаби он хуруҷи беморие нест, ки дар байни чорвои калон, бахусус говҳо, паҳн шудааст.
Як вакили мардумии Русия, ки ба иддаои ӯ, ҳафтаи гузашта се зодаи Тоҷикистону Узбекистон сари ӯро зада хуншор карданд, ба Думаи давлатӣ тарҳи қонунеро фиристодааст, ки сабти номи диаспораҳо ва ё иттиҳодияҳои қавму миллатҳои дигарро сахт мекунад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки шоҳроҳи "Душанбе-Қулма" (қитъаи Қалъаи Хумб - Ванҷ)-ро аз вақти таъйиншуда дертар месозанд. Азим Иброҳим рӯзи 24-уми июл дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе сабабҳоро чунин баршумурд: "Ду нақб сохта мешавад, панҷ галерея, 15 пул. Ин вақт мегирад."
Вазорати маорифи Тоҷикистон эътироф кард, ки ҳанӯз ҳам даҳҳо мактабу муассисаҳои таълимӣ ба қадри кофӣ омӯзгор надоранд ва бачаҳо гоҳо ба ҷойи дарс дар берун мегарданд. Ба қавли вазири маориф, Тоҷикистон муҳтоҷи бештар аз 2500 омӯзгор аст.
Ёфтҳои бештар