Субҳи 14-уми август варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои олимпии Порис-2024 соҳиби се медали биринҷӣ шуданд, ба Душанбе баргаштанд ва мавриди истиқболи ҳазорон нафар қарор гирифтанд. Дар остонаи баргашти онҳо, Радиои Озодӣ аз сокинони шаҳри Бохтар назарашонро ба корномаи варзишгарони тоҷик пурсид.