Сафари Президенти Қазоқистон ба Душанбе, 176 ҳазор рейд зидди муҳоҷирон дар Русия, ҳаёт дар минтақаҳои ишғолнамудаи Украина ва банкоматҳои куҳна пулҳои нави сомониро намешиносанд.
Терминалҳои бештари бонкҳои Тоҷикистон пули 100-сомонии намунаи соли 2021-ро бо вуҷуди чанд сол пеш ба муомилот баромадан, ҳанӯз ҳам қабул намекунанд. Сокинон мегӯянд, ин чиз онҳоро саргардон ва корашонро мушкил кардааст.
Шаҳри Суҷа, ки зери назари нерӯҳои Украина аст, тақрибан холӣ шудааст. Чанд сокини ҳайрону саргардон талош доранд, ки зинда монанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 20-уми август ҳамроҳи рӯзноманигорони дигари украинӣ ба дидани Суҷа рафт.
Раёсати кишоварзии Суғд мегӯяд, бо роҳи “фаҳмондадиҳӣ”-и густурда имсол кишти пахтаро беш аз 7 ҳазор гектар зиёд кардааст. Деҳқонон баҳори имсол аз кишти "маҷбурӣ" шикоят доштанд. Таваҷҷуҳ ба кишти пахта баъд аз он зиёд шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кам шудани майдони кишти пахта нигаронӣ кард.
Вакилони мардумии Русия дар фикри ихроҷи муҳоҷирону оилаҳои онҳо ҳастанду муҳоҷирон дар фикри кумак ба фирориён аз вилояти ҷангзадаи Курск, омодагии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз сирояти обилаи маймун ва матолиби дигар.
Наврасони қазоқ духтари ҳамсинфашонро ба фаҳшо маҷбур кардаанд. Ҳоло наздиконашон талош доранд, даҳони қурбониро бубанданд.
Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз сирояти обилаи маймун чӣ кор кардааст? Посухи ин суолро ҳамкоронамон Иршод Сулаймонӣ ва Амир Исоев ҷӯё шуданд.
Миронов:"Муҳоҷирро ихроҷ кардед, оилаашро ҳам аз Русия берун кунед!"
Занозании вакилони порлумони Туркия ба видеои пурбинандаи шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфт. Вакилон замоне ба ҳамдигар дарафтоданд, ки порлумон вазъи як вакили зиндониро баррасӣ мекард.
ВКД-и Тоҷикистон моҳи августи соли 2014, Барномаи тарзи муомилаи маъмуронашро бо мардум ва меҳмонҳои хориҷӣ эълон кард. Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки шикоятҳои зиёде аз дуруштгӯӣ ва ришвагирии милисаҳо расонаӣ шуд. Баъди 10 сол муомилаи милиса чӣ гуна аст? "Озодӣ" назари мардумро пурсид.
Боздошти бераҳмонаи муҳоҷир дар Санкт-Петербурги Русия.
Як созмони муътабари байнулмилалӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки талаботи навро дар бораи либоси “бегона” дар кишвар бекор кунад. Изҳороти Ҳамкории Байнулмилалӣ барои Ҳуқуқи Башар рӯзи 19-уми август нашр шуд.
Ёфтҳои бештар