Женева. 5-уми ноябри 2026. Баррасии пешрафт ва камбудҳои Тоҷикистон дар бахши ҳуқуқи инсон дар Созмони Милал. Ҳайати расмии Тоҷикистон ба раҳбарии вазири адлия, Музаффар Ашӯриён, аз иҷрои тавсияҳои байнулмилалӣ дар чор-панҷ соли гузашта гузориш дод.
Ҳамсари Асадулло Бобоев, узви зиндонии як созмони мухолиф, мегӯяд, пас аз ҳабси шавҳараш дар Тоҷикистон ба ӯ низ хатари ихроҷ ё депортатсия аз Олмон ба Душанбе таҳдид мекунад.
Аз қабули Қонуни асосӣ ё Конститутсия дар Тоҷикистон, ки ҳукумат онро бахтномаи сокинони кишвар, вале намояндагони мухолифон василаи ҳифзи режими кунунӣ медонанд, 32 сол пур шуд.
Дар Узбекистон ба Рустами Эмомалӣ, писари президенти Тоҷикистон, ки дар ҳоли ҳозир раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе аст ва ҳамзамон вориси эҳтимолии падараш номбар мешавад, орден ё нишони “Барои хидматҳои фидокорона” додаанд.
Як таҳқиқи нав нишон додааст, ки бо вуҷуди бузургтар шудани иқтисод дар 15 соли гузашта, Тоҷикистон ҳанӯз ҳам наметавонад аҳолии дар ҳоли афзоишро бо ҷойҳои кории кофӣ ва муносиб таъмин кунад.
Мирзораҳим Мираимов, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар вилояти Суғд, мегӯяд, писари 20-солааш, Мирзобобур, ки дар сафи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хидмат мекард, чаҳор моҳ боз бенишон аст.
Намояндагони ду созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Олмон хостаанд, ки Саидтаиб Саидмамудов, яке аз фаъолони ҷомеаи помириҳо ва иштирокдори намоишҳои эътирозии зидди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Душанбе ихроҷ накунад.
Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF), созмони байнулмилалии ҳомии озодии баён, номи 33 нафар, аз ҷумла раҳбарони чандин кишварро ба рӯйхати, ба гуфтааш, "дарандагони озодии баён" ворид кардааст. Ин феҳраст рӯзи 2-юми ноябр нашр шуд.
Пайкар ё ҷасади як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шудааст, дар зодгоҳаш, шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба хок супурдаанд. Диловар Ҷафоев 41 сол дошт.
Ёфтҳои бештар