Чунин раванд баъди ҳамлаи террористӣ ба толори консертии "Крокус сити ҳолл" дар Маскав дар моҳи марти соли 2024 иттифоқ афтодааст.
Роҳбарияти фурудгоҳи Кӯлоб дар нишасти матбуотии ҳафтаи ҷорӣ гуфт, ки дар миёни баргаштаҳо онҳое ҳам ҳастанд, ки баъди парвоз ба кишвар ворид нашуда аз фурудгоҳи Русия бозпас ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.
Дар бисёр ҳолатҳо ин мусофирони баргашта сабаби расмии бозпас фиристода шуданашонро намедонанд.
Нуралӣ Ҳомидзода, мудири фурудгоҳи Кӯлоб, ки бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, “аз назоратҳо мебинем, ки ҳар ҳафтае то 300 мусофир, дар моҳ то 1200 нафар бозпас меоянд ва аз боздоштгоҳу ихроҷшудаҳо ҳам ҳастанд. Ин мушкил баъди ҳамла ба "Крокус ситти Ҳол" сар шуд, - гуфт ӯ. - Дар ҳақиқат, мусофиронеро бозпас мегардонанд, ки панҷ шаш сол дар Русия кор карда ва истиқомат кардаанд, вале ҳуҷҷат надорад. Асосан ҳамингуна мусофиронро мегардонанд. Баъзе мусофироне ҳастанд, ки дар фурудгоҳ мефароянд, аз ҳамонҷо бозпас мегардонанд, сабабаш номаълум аст. Вақте мо бо онҳо суҳбат мекунем, худашон гуфта наметавонанд, ки барои чӣ бозпас гардонида шудаанд".
Ҳамла ба толори консерии вилояти Маскав, ки 144 нафарро кушта бар ҷой гузошт, бино ба изҳороти мақомоти тафтишотии Русия, гӯё асосан кори дасти муҳоҷирони тоҷик будааст. Вале ин кишвар то ҳол ба мақомот дар Тоҷикистон далели боварибахш ва объективии гунаҳгор будани ҳамин нафарони боздоштшударо фароҳам накардааст. Вале маъз баъди ҳамлаи 22 марти порсол дар Русия маъракаи сартосарии боздошту ихроҷи муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва дигар кишваҳои Осиёи Марказӣ авҷ гирифт. Даҳҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бисёрашон гуфтанд бегуноҳ ҳастанд, бидуни шарҳу далел аз хоки Русия ронда шуданд.
Мақомот дар Кӯлоб мегӯянд, баъди ин шумораи хатсайрҳои ҳавоӣ тариқи фурудгоҳи Кӯлоб ҳам 50 фисад коҳиш ёфтааст. То як соли пеш шикарти Ural Airlines дар як рӯз то чаҳор парвоз аз Кӯлоб анҷом медод.
Раҳбарияти фурудгоҳ мегӯяд, ки кам шудани парвоз ба даромади фурудгоҳ таъсир расондааст.
“Аз моҳи март сар карда хатсайрҳои мо 50 фисад кам шуданд, - гуфт Нуралӣ Ҳомидзода, мудири фурудгоҳи Кӯлоб. - Ин ба иқтисодиёти фурудгоҳ таъсири худро расондааст ва мерасонад. Нисбат ба соли 2023 мо 25 миллион сомонӣ фоидаи камтар ба даст овардем. Агар дар соли 2023 шумораи парвозҳо 928 адад буд, дар соли 2024 - 496 парвоз иҷро кардем, ки ин нисбат ба соли 2023 442 хатсайр кам мебошад.”
Ҳамин шабу рӯз дар як рӯз аз фурудгоҳи Кӯлоб танҳо як парвоз ба фурудгоҳи "Домодедово" анҷом меёбад. Бахши асосии мусофирони фурудгоҳи Кӯлобро ҳам муҳоҷирони корӣ ташкил мекунанд.
Гуфтугӯ