Дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавонони аз 18 то 27-сола ба артиш идома дорад. Ин маърака бо фармони раисҷумҳур ва бо ҳузури маъмурони амнияту милиса мегузарад.
Шаҳзодаи Самарқандӣ (Назарзода), рӯзноманигор ва адиби тоҷики муқими Ҳолланд, дар бахши “Беҳтарин нависандаи зани як насл” номзад ба ҷоизаи Ҳертфурдшер Пресс, як нашриёти маъруфи Бритониё, шудааст.
Пайвандони Олимҷон Бердиеви 35-сола аз шаҳри Ҳисор мегӯянд, ӯ ёздаҳ моҳ пеш аз тарафи Русия ба ҷанг дар Украина бурда шуда, то кунун беному нишон аст.
Олешки, шаҳре дар 9-километрии вилояти Херсони Украина, ки зери ишғоли нерӯҳои Русия мебошад, дар остонаи як фоҷиаи инсонӣ қарор гирифтааст.
Муфаттишон дар Украина даст доштани Артём Дементйев, нишонзани як воҳиди артиши Русияро ба камияш дар панҷ куштор ва инчунин латукӯбу шиканҷа, тирпаронӣ ва боздошти ғайриқонунии мардум дар шаҳри Буча ошкор кардаанд.
Дар Тоҷикистон, ки 40 дар сади аҳолиашро кӯдакон ташкил медиҳанд, бо вуҷуди манъи танбеҳи ҷисмонии кӯдакону ҳаргуна зӯроварӣ ба онҳо, ҷиноят ба зидди ин табақаи осебпазиру муҳтоҷи ҳимоят камтар нашудааст.
Ризо Вализода, хабарнигори пешини Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, ду сол боз дар Эрон зиндонист.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон, тасмими Тоҷикистонро барои берун шудан аз узвияти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ танқид кард.
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оғози соли нави таҳсил баҳси ҳиҷоб дигарбора доғ шуд, зеро дар мактабҳои чанде аз кишварҳои минтақа пӯшидани ҳаргуна либоси динӣ манъ аст.
Идораи маорифи ноҳияи Ёвон як омӯзгореро, ки сарзаниш ва рафтораш бо як шогирди хурдсоли мактаб баҳси доғеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт, танбеҳ додааст.
Ёфтҳои бештар