Боздошт ва берун кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз қаламрави ИМА аз сиёсати пешгирифтаи президенти тозаинтихоб Доналд Трамп аст, ки интизор меравад дар марҳилаи аввал ҳудуди якуним миллион нафарро фаро бигирад.
Амрико барои муҳоҷирон кишвари фурсатҳо ва имкони фароҳам кардани кору дурнамои хубе арзёбӣ мешавад, аз ин рӯ, аз ҳар гӯшаи дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, бо ҳар роҳе талош мекунанд, ба ин давлат бирасанд.
То кунун омори куллии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Амрико нашр намешавад, вале бовар меравад, ки шумори онҳо даҳҳо ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар нашри навбатии барномаи “Рӯзгори муҳоҷир” дар бораи ҷараёни рейдҳо дар Амрико ва кору зиндагии тоҷикистониён дар ин кишвар сӯҳбат шудааст.
Гуфтугӯ