Вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон шумораи дақиқи муҳоҷиронеро, ки дар як соли охир аз Русия баргаштаанд ва ё ба он ҷо рафтаанд, нагуфт. Далели Солеҳа Холмаҳмадзода ин буд, ки ин шумораҳо аз нигоҳи Русия ва Тоҷикистон духелаанд.
"Вобаста ба қонунҳое, ки қабул гардиданд, теъдоди муҳоҷироне, ки ба ватан баргаштанд, нисбат ба соли 2023 хеле зиёд шудаанд," -- гуфт вазир рӯзи 11-уми феврал дар нишасти матбуотӣ. Ӯ афзуд, омори сафари муҳоҷирон ва бозгашти онҳоро ба кишвар бо ҷониби Русия баррасӣ доранд.
"Пештар омори мо бо омори Федератсияи Русия баъзе духӯрагиҳо дошт ва мутобиқат намекард. Мо омореро пешниҳод хоҳем кард, ки барои ду кишвар як хел бошад," -- афзуд Солеҳа Холмаҳмадзода.
Як рӯз қабл, 10-уми феврал, Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи занон, низ аз гуфтани омори занҳои муҳоҷир худдорӣ кард.
Рӯзи 11-уми феврал дар нишасти Вазорати меҳнат пойфишории хабарнигорон сабаб гашт, то гуфта шавад, ки дар 9 моҳи соли 2024 беш аз 600 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз хориҷа ба кишвар баргаштаанд. На вазир ва на зердастонаш нагуфтанд, ки чӣ теъдод аз онҳо ихроҷ карда шудаанд.
Русия кишвари муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст, вале пас аз ҳамла ба толори “Крокус” дар наздикии Маскав шикояти муҳоҷирон аз санҷишу ихроҷашон аз қаламарави ин кишвар бештар гардид.
Мақомоти қудратии Русия зиёда аз 20 нафар, асосан зодагони Тоҷикистонро бо гумони тарҳрезӣ, иҷро ва ёрӣ дар ин ҳамла боздошт карданд. Баъзе аз онҳо худро бегуноҳ дониста, хоҳони бозбинии парванда шуданд, вале посухи рад гирифтанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Ҳарчанд муносибати дағал, санҷишҳои пайиҳам, маъракаҳои иттилоотии зидди муҳоҷирон дар Русия то моҳи марти соли 2024 низ ҷой дошт, баъд аз он бештар шуд. Думаи давлатии Русия дар соли 2024 даҳҳо қарору қонунро қабул кард, ки ба истилоҳ зидди муҳоҷирон равона шуда буданд.
Сода кардани ихроҷи муҳоҷирон, сахттар кардани имтиҳони забони русӣ ва маҳдуд кардани қабули фарзандони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия аз ҷумлаи онҳост.
Ин вазъ сабаб гаштааст, ки Тоҷикистон корҷӯёнро ба кишварҳое мисли Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Кувайт, Бритониё, Белгия, Лаҳистон ва Олмону Сингапур фиристад.
Шӯҳрат Латифов, коршиноси умури муҳоҷират, мегӯяд, боз шудани роҳи корҷӯёни тоҷик ба кишварҳои дигар вақте таъсир хоҳад дошт, ки як силсила камбудҳо ислоҳ шаванд.
“Барои танзими муҳоҷират аввал бояд ислоҳот дар соҳаи маориф зарур аст. Аз мактабу донишгоҳ сар карда, то омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ мутаххассис тайёр кардан лозим. Дувум, омӯхтани бозори меҳнат. Он касбҳое, ки гуфта истодаанд, бисёраш дар бозори дохилии худамон талабот надорад. Мисол, дӯзандагӣ. Сари ҳар қадам дӯзандагӣ ҳаст," – афзуд ӯ.
Ба иттилои Вазорати меҳнат, дар соли 2024 беш аз 280 ҳазор нафарро ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ фаро гирифтаанд. Ҳарчанд вазорат аз ташкили беш аз 240 ҳазор ҷойи нави кор дар кишвар хабар дод, воқеият ин аст, ки ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кору даромади беҳтар ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд.