Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар нахустин бозиаш дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2024/25 аз тими “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 0:1 ноком шуд.
Шатранҷбозони тоҷик дар даври шашуми Олимпиадаи 45-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Будапешти Маҷористон (Венгрия) ҷараён дорад, пирӯзӣ ба даст оварданд.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2024 дар Узбекистон аз тими миллии Марокаш, қаҳрамони Африқо, бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд.
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар нахустин бозиаш дар мусобиқоти Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2024/25 бо тими “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рақобат мекунад.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон зери раҳбарии Пайрав Воҳидов бозии нахустини худро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2024 дар Узбекистон бо тими миллии Марокаш, қаҳрамони Африқо, анҷом медиҳад.
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон зери раҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе дар мусобиқаи байнулмилалии "King’s Cup 2024" ("Ҷоми Шоҳ-2024") ширкат хоҳад кард.
Дар шаҳри Душанбе бори аввал мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни навҷавонон дар риштаи ҷудо баргузор мешавад. Ин мусобиқа аз 2-юм то 6-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ доир мегардад.
Ба ҳайати ниҳоии тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар Узбекистон баргузор мешавад, 14 нафар – 2 дарвозабон ва 12 бозигар - шомил шуданд.
Дар мусобиқоти Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25 Тоҷикистонро ду даста – "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон ва "Равшан"-и Кӯлоб, ноиби қаҳрамони кишвар, намояндагӣ хоҳанд кард.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасон ва мактаббачагон, ки аз 27-уми август то 10-уми сентябр дар шаҳри Ал-Айни Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд, 11 медал (4 нишони тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар Бозиҳои 17-уми тобистонаи паралимпӣ, ки аз 28 -уми август то 8-уми сентябр дар шаҳри Пориси Фаронса доир гардид, варзишгарони маълули 85 кишвар медал ба даст оварданд, аз ҷумла намояндагони 67 кишвар бо медалҳои тило мукофотонида шуданд.
Панҷ бозии даври понздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 8-уми сентябр натиҷагирӣ шуд.
Ёфтҳои бештар