Аз майдонҳои хурди деҳ то тамрин дар толори варзишӣ ва майдондорӣ дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ. Даҳҳо дастпарвари мактаби Устопириён то ҳол дар мусобиқаҳои гуногуни кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойҳои намоёнро гирифтаанд. Миёни сулолаҳои варзишӣ дар Тоҷикистон хонаводаи Устопириён аз куҳантарин оилаҳои варзишгар ба ҳисоб меравад.
"Моро аз миёни кӯҳ ба дашт оварданд"
Усто Устопиров, мураббии варзиш, мегӯяд, “бобокалонам Муҳаммад паҳлавони номӣ будаанд. Мардум агар ба мардикорӣ мерафтанд, бобои мо паҳлавонӣ мекарданду аз ҳамин ҳисоб рӯз мегузаронданд. Баъди он кас бобоям Сайфиддин ном доштаанд. Падарам Устопир ва ман Усто. Ва аз ман Комроншоҳу Фаридуншоҳ ва фарзандони онҳо Муҳаммаду Деваштичу Каюмарсу ҳаминҳо. Яъне, ки шаш пушти мо ба паҳлавонӣ машғул буданд. Ҳамин касб барои мо ҳам боиси ифтихор шуд ва ҳам боиси зиндагӣ шуд.”
Сулолаи паҳлавонии Устопириён, ки насл ба насл то охири солҳои панҷоҳуми асри гузашта дар ноҳияи Кӯҳистони Масчо зиндагӣ мекарданд, на танҳо дар водии Зарафшон, балки дар ҳамсоякишварҳо ҳам шӯҳратёр будаанд. Ин хонаводаро дар қатори даҳҳо оилаи дигар ҳукумати Шӯравӣ дар охири солҳои 50-ум аз Кӯҳистони Масчо ба ноҳияи собиқ Пролетар ва ҳоло ба номи Ҷаббор Расулов муҳоҷир кард, то пахтакорӣ кунанд ва ҳам минтақаҳои марзии ҷумҳуриро бо ҳузури худ тақвият бахшанд.
“Вақте мо кӯчида омадем, Усто се сол дошт ва ман ҳашт сол. Инҷо дунёи тамоман дигар. Мо дар миёни ду кӯҳ будем. Инҷо омадем як дашти васеъ. Моҳи сентябр омада будем, пахтазорҳоро дидем,” – нақл кард Билтимуҳаммад Утсопиров, бародари Усто Устопириён.
Усто Устопириён 71-сола аст ва панҷоҳ сол боз дар баробари майдондорӣ ба тамрини варзишгарон машғул аст. Бародараш Билтимуҳаммад Устопиров мегӯяд, “ба Русия сафар карданд ва дар онҷо меъёри устоди варзиши СССР-ро иҷро карданд. Як бародари дигарамон ҳам номзад ба устоди варзиши СССР шуда омад. Ҳамин тариқ, писаронаш Фаридуншоҳу Комроншоҳ то ба мусобиқаҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфтанд, ҷой гирифтанд ва маълуму машҳур шуданд.”
Фаридуншоҳу Комроншоҳ – писарони Устопириён аз паҳлавонони шинохтаи кишваранд, ки борҳо ғолиби мусобиқаҳо шудаанд.
"Роҳ на ҳамеша ҳамвор буд"
Дар Тоҷикистон чанд сулолаи паҳлавонӣ ҳаст, ки асосан дар риштаи куштии миллӣ машҳуранд. Дар даҳсолаҳои охир шогирдони ин мактабҳои варзишӣ дар риштаҳои гуногуни куштӣ - куштии ҷудо, куштии юнониву румӣ ва самбо дар мусобиқаҳои калон Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд. Аз ҷумла шогирдони мактаби Устопириён ҳам.
Усто Устопириён дар вилояти Суғд се толори варзишӣ, аз ҷумла толори варзишии “Ланглиф”, толори варзишӣ дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов ва як толори варзиши намудҳои куштин дар шаҳри Хуҷандро таъсис додааст. Аз ин толорҳо то ҳол зиёда аз 65 устоди варзиш ва наздики 600 номзад ба устоди варзиш тарбият ёфтаанд. Аммо роҳ то ба инҷо на ҳамеша ҳамвор будааст.
Усто Устопиров, мураббии варзиш, гуфт: “Мушкили асосӣ дар мо дар солҳои 70-ум қолини гуштингирӣ буд. Хушбахтона, баъди як-ду соле, ки дар болои қамишу резину гилемҳои куҳна гуштин гирифтем, роҳбарияти вақт натиҷаҳои моро диданду ягона қолини гуштингирие, ки дар ноҳия буд, барои мо доданд.”
Куштигирӣ, ки аз одатҳои мардмуми маҳаллӣ дониста мешавад, дар замони Шӯравӣ чандон тарғиб намешуд. Мусобиқаҳои куштигириро одатан дар Наврӯз, дар доираҳои деҳу маҳал баргузор мекарданд. Ба гуфтаи собиқадорони варзиш, Усто Устопириён аз аввалин нафароне будааст, ки дар охири солҳои 70-уми асри гузашта дар вилояти он вақтаи Ленинобод дар сатҳи ҷумҳурӣ мусобиқаи куштии миллиро ташкил кардааст.
Маҳдӣ Саъдиев, устоди варзиш, мегӯяд, “вақте хонданро тамом кард, ба зодгоҳаш рафт, якумин шуда мусобиқаи куштии миллиро дар вилояти ҳозираи Суғд гузаронд. Дар деҳааш, ки Ланглиф ном дорад. Мо даъват шуда будем, бисёр хуб гузаронд. Ҳамаи бачаҳоро меҳмоннавозӣ карданд. Ман дастаи яккачини шаҳри Душанберо бурда будам. Бисёр хуб гузаронд. Ҳамон мусобиқа то ҳол давом дорад дар қишлоқи пешинааш, ки Ланглиф ном дорад ва дар Кӯҳистони Масчо аст.”
Навор дар Ютуб:
"Нагузоштанд, ки ба давлати дигар равам"
Усто Устопириён дар соли 1977 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намуда, се соли дигар дар пойтахт зиндагӣ кардааст. Дар солҳои ҷавонияш дар мусобиқаҳо ширкат карда, баъдан ҳамчун муррабӣ кори худро дар тарбияи варзишгарон идома додааст.
Маҳмуди Абдулло, устоди варзиши дараҷаи байнулмилалӣ гуфт: “Вақте ҳамчун муррабии ҷавон дар риштаи самбо дар пойтахт кор мекардам, сафарҳои ман ба вилояти Суғд аз ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз шуданд. Солҳои 1988 буд. Онҳо машқро шеър оғоз мекарданд. Шеъри Забони модарии устод Бозор дар толор танинандоз шуд. 25-30 нафаре, ки онҷо буд, якбора шеърро хонданд."
Миёни даҳҳо шогирди мактаби Устопириён Комроншоҳ тавонист, то ба бозиҳои олимпӣ роҳ ёбад. Комроншоҳи Устопириён 32 сол дошта, барандаи даҳҳо медал аз мусобиқаҳои ҷаҳонӣ аст. Аз ҷумла, ин варзишгар аввалин ва то имрӯз ягона қаҳрамони ҷудои мардони Осиё аз Тоҷикистон аст. Комроншоҳи Устопириён ҳамчунин аз чандин сабқатҳои “Гран-при” ва “Гранд слам”-ҳо ба Тоҷикистон медал овардааст. Комроншоҳи Устопириён се маротиба дар бозиҳои олимпӣ аз намуди ҷудо иштирок карда, аммо натавонист медал ба даст орад.
Комроншоҳи Устопириён мегӯяд, “дар корномаи варзишии ман аз давлатҳои хориҷӣ пешниҳодҳои зиёде буданд, ки ба дигар давлат гузарам. Падар, ки як ҳисси баланди ватандӯстӣ доранд, нагузоштанд. Гуфтанд, ки фарзандам як бурида нони қоқ ҳам мехӯрему дар ватани худ паҳлавонӣ мекунем ва шаъну шарафи давлати худро дар арсаи байнулмилалӣ мебардорем.”
Ин ҷудокори маъруфи тоҷик дар моҳи октябри соли 2024 дар 31-солагӣ корномаи варзишиашро ба анҷом расонд. Ҳоло ҳамчун мураббии ҷудо кор мекунад. Ду соли охир муваффақиятҳои Устопириён камтар буд ва бархеҳо ӯро барои ин танқид мекарданд.
"Ман ваъда дода будам, ки чемпиони бозиҳои олимпӣ тайёр мекунам ва шогирди ман, фарзандам Комроншоҳ, се маротиба мустақим роҳхати бозиҳои олимпиро гирфт. Хайр, насиби ғолибият набудаст. Имрӯз орзуи ман ин аст, ки дар байни шогирдони ман қаҳрамонони бозиҳои олимпӣ ба воя расанд. Ин як. Дувум, ман орзуманди он ҳастам, ки гуштини миллии мо вориди бозиҳои олимпӣ шавад," – хулоса кард Усто Устопиров.
Видеоро дар инҷо бинед: