Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе "Дави дӯстӣ" доир шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар шаҳри Душанбе дар доираи Анҷумани минтақавии Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ барои кумитаҳои миллии олимпии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ "Дави дӯстӣ" баргузор гардид.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар "Дави дӯстӣ" намояндагони ҳайатҳои 22 кишвари иштироккунандаи анҷуман ширкат карданд.

Мақсад аз ташкили «Дави дӯстӣ» (“Fun Run”) тарғиби тарзи ҳайёти солим, оммавигардонии варзиш ва таҳкими дӯстӣ байни ҳайатҳои иштироккунандаи ин чорабинии байнулмилалӣ гуфта шудааст.

Инчунин аз ҷониби кумитаи тадорукоти чорабинӣ ба як зумра ҷавонони фаъол ва ғолибони озмунҳое, ки раёсати анҷуман доир намуд, медалу туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Бояд гуфт, ки Анҷумани Шурои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 6-8-уми апрел доир гашт.

Дар анҷуман масъалаҳои сеюмин Бозиҳои осиёӣ байни наврасон дар Баҳрайн, Бозиҳои осиёӣ дар толор ва ҳунарҳои размӣ дар Риёзи Арабистони Саудӣ (соли 2026), 20-умин Бозиҳои осиёӣ дар Айчӣ – Ногояи Ҷопон – 2026, барномаҳои Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ва омода намудани варзишгарон ба Бозиҳои олимпии Лос – Анҷелес — 2028 баррасӣ шуданд.

Дар доираи Анҷумани Шурои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистону Эрон барои давраи то соли 2028 ба имзо расид.

Бар асоси он ҳарду ҷониб барои варзишгарон ҷамъомадҳои муштараки таълимию тамринӣ, барномаҳои маркетингӣ ташкил намуда, иштироки дастаҳо ва варзишгаронро дар мусобиқаҳое, ки дар қаламрави ҳарду кишвар баргузор мегарданд, таъмин мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG