Бозии даври аввали гурӯҳи «D» миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистону Уммон шаби шанбеи 5-уми апрел дар варзишгоҳи Шоҳзода Абдуллоҳ Спортс ситии шаҳри Ҷидда баргузор шуд.
Бозигари мунтахаби Тоҷикистон Зариф Зарифзода дар дақиқаи сеюм ҳисобро кушод. Пас аз ҳашт дақиқа Муҳаммад Ал-Машяхӣ ҳисобро баробар кард, Голи дуюми дастаи Тоҷикистонро Назрулло Ашурализода дар дақиқаи 49-ум ба самар расонд.
Бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи “D” байни дастаҳои мунтахаби наврасони Эрону Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Ба голи дар дақиқаи 8-уми дидор задаи бозигари кореягӣ Чое Чунг Ҳёк, Меҳдӣ Соҳнеҳ дар дақиқаи 24-ум посух дод.
Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «D» дастаҳои Эрон, Уммон ва Кореяи Шимолӣ мебошанд.
Футболбозони навраси тоҷик бозии дувумашонро дар Ҷоми Осиё-2025 рӯзи сешанбеи 8-уми апрел соати 20:00 бо вақти Душанбе дар Ҷидда, дар варзишгоҳи Шоҳ Абдуллоҳ Спортс Сити, бо ҳамсолони худ аз Кореяи Шимолӣ баргузор мекунанд.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ 8-уми апрел соати 22:15 бо вақти Душанбе дар Ҷидда, дар варзишгоҳи Шоҳзода Абдуллоҳ Ал-Файсал, дастаҳои наврасони Уммону Эрон рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Мутахассиси итолиёӣ Марко Раҷини, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), дар бораи рақибонаш гуфт, “тими Эрон барои мо ба хубӣ ошност, чунки дар мусобиқаҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ чандин маротиба бо ҳам вохӯрдаем ва бозиҳои мо ҳамеша душвор мегузаштанд.”
Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар – дохиланд:
Дарвозабонҳо: Муҳаммадраҳим Раҳмонов, Анушервон Қурбонзода, Абубакр Раҳмонқулов;
Ҳимоятгарон: Абдусамад Меликмуродов, Садриддин Сатторов, Меҳроҷиддин Розиқов, Мустафо Ҳасанбеков, Аҳмадҷон Шоев, Шуҳрат Нурматов, Мубориз Мискиншоев;
Нимҳимоятгарон: Баҳодур Назарзода, Абдулло Иброҳимзода, Рамазон Бахталиев, Зариф Зарифзода, Парвиз Бобоназаров, Умед Ҷафоев, Фурқон Раҳимзода, Ҳайдаршо Худойдодов, Меҳрубон Одилзода, Давид Мақсудов;
Ҳамлагарон: Муҳаммад Назриев, Абдуқаюм Фузайлов, Назрулло Ашурализода;
Бар асоси қуръакашӣ, шонздаҳ даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудаанд:
гурӯҳи «А» - Арабистони Саудӣ, Узбекистон, Тайланд, Чин;
гурӯҳи «В» - Ҷопон, Австралия, Ветнам, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ;
гурӯҳи «С» - Кореяи Ҷанубӣ, Яман, Афғонистон, Индонезия;
гурӯҳи «D» - Эрон, Тоҷикистон, Уммон, Кореяи Шимолӣ.
Баъд аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ меёбанд. Ҳамаи иштироккунандагони даври чорякниҳоӣ соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2025 миёни наврасон мешаванд, ки аз 5-ум то 27-уми ноябр дар Қатар доир мегардад.
Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-17)
Гурӯҳи «D»
Эрон
Тоҷикистон
Уммон
Кореяи Шимолӣ
Даври 1-ум
5-уми апрел (шанбе)
Тоҷикистон – Уммон – 2:1
Голҳо: Зариф Зарифзода, 3 (1:0), Муҳаммад Ал-Машяхӣ, 11 (1:1), Назрулло Ашурализода, 49 (2:1).
Ҷидда, варзишгоҳи Шоҳ Абдуллоҳ Спортс Сити
Эрон – Кореяи Шимолӣ – 1:1
Голҳо: Чое Чунг Ҳёк, 8 (0:1), Меҳдӣ Соҳнеҳ, 24 (1:1).
Ҷидда, варзишгоҳи Шоҳзода Абдуллоҳ Ал-Файсал
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”:
Ҷ | ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
1 | Тоҷикистон | 1 | 1 | 0 | 0 | 2-1 | 3 |
2 | Кореяи Шимолӣ | 1 | 0 | 1 | 0 | 1-1 | 1 |
3 | Эрон | 1 | 0 | 1 | 0 | 1-1 | 1 |
4 | Уммон | 1 | 0 | 0 | 1 | 1-2 | 0 |
Даври 2-юм
8-уми апрел (сешанбе)
Оғози бозӣ – соати 20:00 бо вақти Душанбе
Кореяи Шимолӣ - Тоҷикистон
Ҷидда, варзишгоҳи Шоҳ Абдуллоҳ Спортс Сити
Уммон – Эрон
Оғози бозӣ – соати 22:15 бо вақти Душанбе
Ҷидда, варзишгоҳи Шоҳзода Абдуллоҳ Ал-Файсал
Даври 3-юм
11-уми апрел (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 22:15 бо вақти Душанбе
Эрон - Тоҷикистон
Ҷидда, варзишгоҳи Шоҳзода Абдуллоҳ Ал-Файсал
Оғози бозӣ – соати 22:15 бо вақти Душанбе
Уммон – Кореяи Шимолӣ
Ҷидда, варзишгоҳи Шоҳ Абдуллоҳ Спортс Сити